ЛУҒАТНИГОР ВА ТАРҶУМОНИ БЕҲАМТО

614

Абдусалом Мамадназаров 14-уми апрели соли 1948 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи деҳқони асил таваллуд шудааст. Аввал (с. 1955) ба мактаби ибтидоӣ ба номи Калинин, баъдан дар соли 1958 ба мактаб- интернати ба номи Охон Сулаймон Қурбонмаҳмадови ш. Хоруғ рафта, онро соли 1966 хатм кардааст. Ҳамон сол ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, шуъбаи забони англисӣ, дохил шуда, онро соли 1970 бо ихтисоси «Омӯзгори забони англисӣ» бомуваффақият хатм кардааст ва фаъолияти меҳнатии худро ба сифати устоди забони англисӣ дар мактаби №20-и деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор оғоз намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 1970 то моҳи ноябри соли 1971 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст. Баъди адои хизмат аз моҳи феврали соли 1972, дар натиҷаи озмун дар байни 9 нафар довталабон, ин муаллими ҷавон, ки ҳамагӣ 3 моҳ собиқаи омӯзгорӣ дошт ғолиб дониста шуда ба кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба сифати устоди забони англисӣ ба кор қабул карда шудааст ва дар ин боргоҳи илму хирад фаъолияти илмию педагогии худро то имрӯз, яъне дар муддати зиёда аз 50 сол давом дода истодааст.

Аввалин шогирдони ӯ академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, доктори илми сотсиология Ҳалима Хушқадамова, доктори илми фалсафа Рустам Назаров, профессор Равшан Раҳмонӣ, дотсентҳо Муртазо Зайниддинов, Абдуллоҳи Раҳнамо ва чанде дигарон ба гирифтани дараҷаю унвонҳои баландӣ илмӣ мушарраф гардидаанд.

Аз моҳи январи соли 1981 то январи соли 1984 дар аспирантураи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва филиали ленинградии Институти забоншиносии СССР таҳсил карда, бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои яке аз олимони барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев ва профессори маъруф Л.Г. Гертсенберг рисолаи номзадӣ бо номи «Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ аз назари муқоисавӣ-типологӣ» навиштааст, ки онро моҳи апрели соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои филологӣ гардидааст.

Бояд таъкид кард, ки мавзуи сиға ва алалхусус сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ дар забоншиносии тоҷик ва ҳам англисӣ яке аз масълаҳои мушкилтарини сарф ва ҳам наҳв ба шумор меравад, ки таваҷҷуҳи олимони зиёди шинохтаро ба худ ҷалб кардааст. Абдусалом Мамадназаров тавонист ин мавзуъро ҳаматарафа таҳлил намуда, фарқият ва умумияти ин навъи сиғаҳои феълро дар забонҳои таҳқиқшаванда равшан ва возеъ шарҳ диҳад ва монографияеро ҳам бо номи «Таджикский коюънктив в сопоставительно-типологическом освещение» чоп карда, ба муҳаққиқон пешниҳод намояд. Моҳи октябри соли 1989 ӯро дотсенти кафедраи забони англисӣ ва аз соли 1992 мудири ин кафедра интихоб кардаанд, ки ба он кафедра то соли 2000 роҳбарӣ кардааст.

Моҳи ноябри соли 1993 олими ҷавон Абдусалом Мамадназаров ба Донишгоҳи Бритиш Каламбияи ш. Ванкувери Канада, ба факултети забони англисӣ, барои такмили ихтисос ва давом додани таҳқиқоти илмӣ даъват карда мешавад. Пас аз бозгашт аз Канада моҳи сентябри соли 1994 А. Мамадназаров фаъолияти худро ҳамчун дотсент ва мудири кафедра дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома медиҳад ва ҳамзамон ба таври илова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-1999 ба ҳайси ҳамкотиби Комиссияи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи созмонҳои Оғохон барои таъсиси Донишгоҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиё, Россияю Амрико, Канадаю Британияи Кабир, Шветсарияю Франсия, Германияю Покистон, Туркияю Непал сафар карда, бо барномаҳои таълимӣ ва сохтори мактабҳои олии пешқадами ин кишварҳо аз наздик шинос шудааст. Инчунин, барои тайёр кардани пешниҳодҳо оид ба таъсис, барнома ва оинномаи донишгоҳи нави инноватсионии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон саҳм гузоштааст.

Дар давоми ин солҳо чандин мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён иншо карда, рӯйи чоп овардааст. Силсилаи мақолаҳои илмӣ-методии ӯ: «Аломатҳои китобат ва баъзе қоидаҳои имло дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Ойини навиштани ҳарфи калон дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Ойини кӯтоҳнависӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» ва ғ., ки дар рӯзномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифат» (2006) ба табъ расидаанд, ба масъалаҳое, ки то имрӯз сабаби баҳси олимон ва устодон гардида истодаанд, як равшание андохта, роҳҳои ҳалли ин масъалаҳоро пешниҳод намудааст. Баъдан ин масъалаҳо дар дастури илмӣ-таълимӣ бо номи «Хусусиятҳои имло дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» (2015) равнақи худро ёфта, рӯйи чоп омадаанд.

Дар соли 2013 устод рисолаи докторӣ дар мавзуи «Ташаккул ва такомули фарҳангнигории тарҷумавии тоҷик дар асри ХХ ва аввали асри ХХI» бо маслиҳат ва раҳнамоиҳои профессор Парвонахон Ҷамшедов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя карда, сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ гардидааст. Мавзуи луғатнигории назарӣ, ё худ лексикография, ки устод А. Мамадназаров ба он зиёда аз 30 асару мақолаҳои худро бахшидааст, яке аз мавзуъҳое аст, ки дар забоншиносии тоҷик баъд аз асарҳои олими маъруф В.А. Капранов, ки дар нимаи дуюми садаи гузашта рӯйи чоп омада буданд, қариб ба боди фаромушӣ дода шуда буд. Дуруст аст, ки луғатнигории амалӣ дар солҳои охири садаи гузашта ва дар давраи Истиқлолият рӯ ба тараққӣ ниҳода буд. Мутаассифона, бурду бохти ин фарҳангҳою луғатномаҳои чопшуда аз лиҳози лексикографияи муосири навини ҷаҳонӣ, то ба имрӯз мавриди таҳқиқи интиқодии забоншиносону лексикографҳо қаррор нагирифта буд. Хушбахтона, устод А. Мамадназаров ин холигиро бо асару мақолаҳои муосири худ пур карда, луғатнигории назарии тоҷикро то дараҷае пеш бурдааст. Олими барҷаста ва нуктасанҷи ҷумҳурӣ, профессор Додихудо Саймиддинов (руҳаш шод бод) дар тақризи худ ба ин асари устод баҳои баланд дода зикр кардааст, ки «рисолаи диссертатсионии А. Мамадназаров, моҳиятан таҳқиқи бунёдию ҷомеи проблемаи ташаккулу таҳаввули фарҳангнигории тарҷумавӣ дар асри XX ва XXI мебошад, ки аҳаммияти калони назарӣ ва амалӣ дорад».

Солҳои охир, проф. А. Мамадназаров ба луғатнигории таърихӣ, бозёфту таҳқиқ ва баррасии луғатҳои дузабонаи фаромӯшшуда ё ба муҳаққиқон номаълум машғул шуда, дар ин соҳаи луғатнигории дузабонаи тоҷик ба дастовардҳои наззарас, ё ба ибораи дигар, кашфиёти ҳақиқии илмӣ дар таърихи луғатнигорӣ ноил шудааст. Дар байни онҳо «Луғати комили форсӣ-арабӣ-русӣ»(Полный персидско-арабско-русский словарь)-иИван Дионисиевич Ягелло (бо 90 ҳазор вожаю ибораҳо), ки дар соли 1910 дар Тошканд чоп шудааст ва нусҳаи ягонаи он дар Китобхонаи миллии Россия, дар ш. Маскав маҳфуз аст, «Луғати русӣ ва форсӣ»-и Шаҳҳайдар Ҳотамтоев, ки соли 1899 дар. ш. Бухорои Нав интишор шудааст ва «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и мураттибону забоншиносони шинохта С. Ализода, А. Исмоилзода, Р. Ҳошим, М. Юсупов, ки дар солҳои 1933-34 дар ш. Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) бо 60 ҳазор вожаю ибораҳо чоп шудааст, метавон таъкид кард, ки то имрӯз ин асарҳои нодир ва бозёфтшуда на танҳо ба тарҷумонҳо, балки ба аксари забоншиносон ва луғатнигорон маълум нестанд. Баррасии адабиёти лексикографию забоншиносӣ дар бораи ин фарҳангҳои дузабона аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ғайр аз маълумоти умумӣ дар бораи ин луғатҳо ҳеҷ иттилооти дигар маълум нест, яъне ин се луғат, ки проф. А. Мамадназаров таҳқиқ карда ба забоншиносону луғатнигорон пешкаш кардааст, то имрӯз мавриди таҳқиқоти алоҳида, на дар шакли асари махсус ба онҳо бахшидашуда ва на дар шакли мақолаи алоҳида қарор нагирифтаанд. Луғатҳои зикршуда дар айни замон ба асари камёфту нодири лексикографӣ табдил ёфтааанд.

Устод А. Мамадназаров дар соҳаи фарҳангнигории тарҷумавии амалии тоҷик низ ҳиссагузорӣ кардааст, яъне ӯ дониш, ақидаю андешаҳои назарии лексикографии муосири худро дар таҳияи фарҳангномаҳои гуногун амалӣ намудааст. Силсилаи фарҳангҳои англисӣ – тоҷикии ӯ, ки нашри сеюм ва тозатаринаш дар соли 2021 рӯи чоп омадааст, дар ҳаҷми 100 ҳазор калима ва ибора чоп шуда, дастраси хонандагони тоҷик гардидааст. Дар давоми 20 соли охир «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ»-и устод А. Мамадназаров тадриҷан, аз нашр ба нашр, мукаммал ва васеъ гардида, зиёда аз 12 ҳазор нусхаи он рӯйи чоп омадаанд. Ин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории дузабонаи англисӣ-тоҷикии муосири тоҷик дар кишвар ва берун аз он мукаммалтарин асар буда, дар луғатнигории тарҷумавии тоҷик саҳифаи наве мебошад ва барои суръат бахшидан ба омӯзиш, таълим ва таҳқиқи забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз тарафи муҳаққиқон дастури бебаҳое мебошад.

Фарҳанги англисӣ-тоҷикии профессор А. Мамадназаров фарҳанги бисёр мукаммал аст, фарҳанги бузургтарини англисию тоҷикӣ, ки беш аз сад ҳазор калима, чандсад ҳазор муродиф ва ҳазорҳо мисолу масалро фаро мегирад. Хусусияти барҷастаи ин асар дар он аст, ки он бо кӯшиш ва заҳмати як нафар фарҳангнавис ба вуҷуд омадааст, ки кори чандинсолаи як институтро иҷро кардааст. Яке аз шогирдони устод, муҳаққиқи шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо ба ин фарҳанг чунин баҳо додааст: «Рӯйи ин китоби беназир меандешаму аз дил мегузарад, ки оре, ин китоб фақат як китобе нест, ин як ҳаёт аст, даҳсолаҳои талошу сӯзангарӣ, дарёи вожаҳою ибораю масал, ҳуҷҷати рӯшани коромадии комили забони тоҷикӣ дар баробари ин забони ҷаҳонӣ, муҷассамаи мондагоре барои фарҳангу забони миллии мо. Оре, агар дигарон устоди забони англисии як мактаб бошанд, барҳақ, муаллифи ин шоҳасари миллӣ Абдусалом Мамадназаров устоди англисии як кишвар ва як миллат аст».  

Талаботи рӯзафзунро нисбат ба омӯзиши забони англисӣ ба назар гирифта, устод А. Мамадназаров модилҳои электронии фарҳангномаҳои худро низ омода кардааст (2010), ки донишҷӯён тавассути телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва компютерҳои фардӣ аз он самаранок истифода бурда метавонанд. Фарҳанги англисӣ-тоҷикии профессор А. Мамадназаров дар хориҷи кишвар низ баҳои сазвор гирифтааст. Донишгоҳҳои Амрико чандин нусхаҳои ин фарҳангро харидорӣ намудаанд. Дар соли 2018, Нашриёти Университети Оксфорди (Oxford University Press) Британияи Кабир бошад, тасмим гирифта буд, ки варианти электронии ин фарҳанги бузургҳаҷми устодро дар интернет онлайн пахш намояд. Нашриёти мазкур бо устод қарордод барои чопи электронии ин фарҳанг бастааст ва аз моҳи феврали соли 2018 ин фарҳанг дар шабакаҳои ҷаҳонӣ дастраси ҷаҳониён гардидааст. Ҳеҷ як навъи фарҳанги тоҷикӣ, ҳеҷ як асари муаллифи тоҷик, то имрӯз аз тарафи Нашриёти Университети Оксфорд, ки бонуфузтарин нашриёт дар миқёси ҷаҳонӣ ба шумор меравад, чоп нашудааст, ба ҷуз Фарҳанги профессор А. Мамадназаров. Аз тарафи Донишгоҳи Оксфорд рӯи чопи электронӣ овардани «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ»-и устод санади баҳои баланд гирифтани ин фарҳанг, санади дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонии луғатнависии муосир таҳия шудани ин фарҳанг мебошад.

Пас аз дифои рисолаи докторӣ А. Мамадназаров таҳқиқоти илмиашро беш аз пеш бо кӯшиши дучанд давом дода, чандин мақолаҳои илмӣ ва монографияю асарҳои дастурӣ-илмӣ-таълимиро рӯйи чоп овардааст. Устод ҳамчунин ба шогирдону ҳамкоронаш се фарҳанги дигар – «Фарҳанги англисӣ- тоҷикии синонимҳо» ва «Фарҳанги англисӣ-тоҷикии истилоҳоти журналистика» ва «Фарҳанги англисӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ»-ро таҳия карда интишор кардааст.

Дар сармақолаи муқаддимавии яке аз асарҳои навини солҳои охир таълифшуда бо номи «Феҳристи адабиёт доир ба таҳқиқоти муқоисавӣ-типологии забонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016, 2023) профессор А. Мамадназаров аввалин маротиба таърихи омӯзиши муқоисавӣ-типологии забонҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода, равияю мактабҳои асосии таҳқиқоти муқоисавӣ-типологӣ, дастовардҳою камбудиҳои таҳқиқоти мавҷуда ва масъалаҳои актуалӣ, ки ниёз ба таҳқиқ ва омӯзиш доранд, муайян ва мушаххас кардааст. Дар ин асари библиографии пурарзиш, ки нахустин асар дар ин соҳа дар забоншиносии тоҷик мебошад, иттилоот дар бораи зиёда аз 3000 мақолаю асарҳои илмӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, дастурҳои илмию таълимӣ гирд оварда шудаааст, ки барои муҳаққиқон, аспирантон, магистрҳо ва унвонҷӯён дастури хеле зарур ва муфид мебошад.

Маводи феҳрист аз рӯи се принсипи асосӣ таҳия шудааст: аввалан тамоми асару мақолаҳо аз рӯйи тартиби алифбо ҷойгир карда шудаанд, баъдан кулли адабиёт аз рӯйи мавзуҳо баррасӣ шудааст ва охиран маводи феҳрист аз рӯи принсипи таърихӣ, яъне аз соли 1952 сар карда то соли 2022, сол ба сол, ҷойгузин карда шудааст, ки барои дарёфти ин ва ё он асари илмӣ вақти зиёд сарф кардан лозим намешавад. Дар ин асар иттилоот дар бораи асарҳои чопшудаи сиюду нафар докторони илм, зиёда аз 300 нафар номзадҳою дотсентҳо ва муҳаққиқону унвонҷӯён ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар бахши забоншиносии муқоисавӣ-типологии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоштаанд.  

Олими шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мамадназаров дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Зери роҳбарии устод 10 нафар олими ҷавон – Бурҳонова  Гулнора, аз Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия,  Туйғунов Носир аз Донишгоҳи иқтисод ва молияи Тоҷикистон, Назарова Муҳаббат ва Иқболов Олимшо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Авлиёева Парвина ва Атаева Ҳафизахон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҳусейнова Гулпарӣ, аз Донишгоҳи забонҳо ба номи С. Улуғзода, Муродов Баҳриддин, аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Валиева Мастура аз Донишгоҳи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ карда, рисолаҳои чор нафари дигари аспирантону устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гуломасейнов Сафо, Алимов Фирдавс, Собирова Уғулбӣ, Раҳматуллоев Маҳмадулло – барои дифоъ пешниҳод шудааст. Дар айни ҳол, ду нафар аспиранти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, ду нафар докторанти Ph.D-и ДМТ ва даҳ нафар унвонҷӯйю магистрантҳою докторантҳо бо роҳбарӣ ва маслиҳатҳои бевоститаи ӯ диплому рисолаҳои номзадӣ оид ба масоили мубрами лексикографияи муосир, типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ навишта истодаанд.

Профессор А. Мамадназаров дар ҷумҳурӣ ва мамолики зиёди хориҷӣ дар конференсияҳо ва семинарҳои байналмилалӣ (Самарқанд 1988, Ванкувер 1993, Лондон 1994, Бишкек 1996, Вашингтон, 2000, Мадисон, Висконсини ИМА 2000, Блумингтон, Индианаи ИМА, 2000, Тошканд 2002 ва Ҳирот 2017, Бишкек 2017) иштирок ва маърузаҳо кардааст. Абдусалом Мамадназаров дар натиҷаи ғалаба дар озмуни байналхалқӣ соли 2000 дар Университети Индиана (Блумингтон) ва Университети Ҷон Хопкинс, Вашингтон, дар мавзуи «Низоми бакалавр ва магистратураи макотиби олии ИМА ва кишварҳои Ғарб» таҳқиқоти илмӣ бурдааст. Оид ба натиҷаҳои ин таҳқиқоти пурарзиши худ устод ҳанӯз соли 2000, вақте ки низоми нави баклавриатура ва магистратура ҳанӯз дар кишвар ба аксарият номаълум буд, дар Конференсияи устодону профессорони ДМТ иттилоъ дода, чанд мақола ҳам рӯйи чоп овардааст. 

А. Мамадназаров муаллифи зиёда аз 160 мақола, китобу рисола, монографияҳою дастурҳои таълимӣ, луғатномаҳою фарҳангҳои англисӣ-тоҷикӣ мебошад. Асару мақолаҳои профессор Абдусалом Мамадназаров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Вена, Лондон, Медисони ИМА ва Оксфорди Британияи Кабир ва шаҳрҳои дигар чоп шудаанд.

Бахши асосии фаъолияти чандинсолаи устод А. Мамадназаров ба таълиму тадриси забони англисӣ бахшида шудааст, ки дар тули фаъолият дар ДМТ ҳазорҳо нафар аз он баҳра гирифтаанд. Устод бо сахтгирию серталабии худ дар байни шогирдон ба ҳурмату эҳтирому иззати хосса ноил гардидааст. Солҳои охир, устод барои донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантон аз фанҳои назариявӣ низ лексияҳо ва дарсҳои амалӣ тадрис менамояд, ки дар байни онҳо фанҳои «Забоншиносии муқоисавӣ», «Назария ва амалияи тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ», «Тарҷумаи синхронӣ», «Асосҳои таҳқиқоти илмӣ», «Тарҷумаи пайдарпай», «Таърихи тарҷума»-ро номбар кардан мумкин аст, ки барномаҳо ва матнҳои лексияи онҳоро худи устод таҳия кардааст.  Дар соли 2023 китоби дарсии «Луғатнигории муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ»-и устод интишор гардид, ки он бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст. Китоби дарсии “Луғатнигории муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ” нахустин манбаи комилу фарогир доир ба луғатнависии назарӣ ва амалӣ ба забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Дар китоби дарсии мазкур ҷамъбасти дастовардҳои назария ва амалияи луғатнигорӣ дар солҳои охир, таҳлили навъҳои гуногуни луғатҳои тафсирии забони англисӣ ва дузабонаи англисӣ-русӣ, англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисӣ, тамоюлҳои пешрафти луғатнигорӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ таҳқиқ ва пешниҳод шудааст.

Устод А. Мамадназаров дар баробари забоншиноси шинохта будан, ҳамчун тарҷумон, дар соҳаи тарҷумаи бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба англисӣ саҳми арзандаи худро дар кишвар гузоштааст. Ӯ аз ҷумлаи нахустин олимони забоншиносу мутарҷимони варзидаи тоҷик аст, ки бевосита даст ба тарҷума аз забони тоҷикӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба тоҷикӣ задааст. Зиёда аз 20 асари илмӣ, таърихию фарҳангиро бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ё аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, асарҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – «Президенти мо», «Понзадаҳсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъкид кардан зарур аст. Устод ҳамчунин асарҳои «Ҳукумати Амрико», «Иқтисодиёти Амрико», «Таърихи Амрико», «Бунёди давлатдории навин», «Таърих ва ақоиди Исмоилиён», «Рушди қонунгузорӣ доир ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон», «Маърифати гумшуда ё Асри тилоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг» ва чандин китобҳои дигарро бо маҳорати баланди касбӣ тарҷума карда, дастраси ҷомеа гардонидааст.

Маҳорату малакаю истеъдоди тарҷумонии устод А. Мамадназаров дар асари чанде пеш тарҷумашудааш бо номи «Маърифати гумшуда, асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг» (2016), ки соли 2023 бо дархости хонандагони сершумор бори дигар интишор гардид, дар ҳаҷми 700 саҳифа баръало ва ҳамаҷониба истифода шудааст. Устод, асари машҳури олими шинохтаи америкоӣ, профессор Фредерик Старро бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ гардонидааст, ки таърихи давраи Эҳёи Осиёи Марказии асрҳои VIII–XII-ро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ин асар акнун ба бист забонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон тарҷума шудааст, вале тарҷумаи тоҷикии устод нахустин мебошад ва ба баҳои баланди худи муаллиф ва муҳаққиқонро сазовор шудааст.

Барои хизматҳои содиқона ба Ватан, ба ДМТ А. Мамадназаров бо мукофоти давлатии Корманлди шоистаи Тоҷикистон, Ордени хизмати шоиста ва чандин ифтихорномаҳои ДМТ сарфароз гардидааст.

Раёсати ДМТ, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, устодони кафедраи забони англисӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаровро ба муносибати 75 соли мубораки ҳаёт ва 50 солагии фаъолияти меҳнатӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ умри дароз ва дастовардҳои навини илмӣ тақозо менамоянд.

Рустам Шодиев, дотсент, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо

Устод Мамадназаров А.