МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ФАРҲАНГНИГОРӢ

336

2-юми майи соли 2023 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмии профессор Абдусалом Мамадназаров бо номи Масъалаҳои муҳимми Фарҳангнигорӣ  дар мавзуи «Ибтидои лексикографияи дузабонаи форсӣ (тоҷикӣ) ба русӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок карданд.

Мақсад аз баргузори маҳфили мазкур омӯзиш ва таҳқиқи вижагиҳои лексикографии нахустин «Луғати комили форсӣ-арабӣ-русӣ», ки аз ҷониби шарқшиноси ҳарбии рус, полковник Иван Дионисиевич Ягелло, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Помир (1914–1917), хизмат карда буд, таҳия гардида дар соли 1910 дар ш. Тошканд интишор шудааст, ба шумор мерафт. Маҳз ҳамин луғат заминаи ибтидоии лексикографияи дузабонаи форсӣ – тоҷикӣ ба русиро дар Осиёи Марказӣ гузоштааст.

Луғати мазкур то имрӯз мавриди таҳқиқи мушаххаси луғатнигорӣ қарор нагирифтааст, ки сабаби он, аз як тараф, шояд ба луғати камёфту нодири лексикографӣ табдил ёфтани он бошад, аз тарафи дигар аз нашри он зиёда аз 122 сол гузаштааст ва дар ин муддат луғатҳои дигари замонавии форсӣ-русӣ интишор шудаанд.

«Луғати комили форсӣ-арабӣ-русӣ»-и И. Ягелло, ҳамчун луғати бузурги форсӣ-русӣ, аҳаммият ва моҳияту арзиши фарҳангӣ-таърихӣ, забоншиносӣ, луғавӣ ва луғатнигории он мебошад, ки метавонанд дар луғатнигории муосир истифода шаванд.

Луғати мазкур сазовори «Медали тиллоии бузург» дар Намоишгоҳи зироатӣ ва илмии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд дар соли 1909 гардидааст. Ҳарчанд луғати И. Ягелло «Луғати комили форсӣ-арабӣ-русӣ», яъне луғати сезабона ном гирифта бошад ҳам, амалан чунин нест, яъне ин луғат, аслан луғати тарҷумавии дузабонаи форсӣ-русӣ мебошад, ки дар он калимаҳо ва ибораҳои иқтибосии арабӣ ва туркӣ, ки дар забону адабиёти форсии он давра истифода мешуданд, бо тарҷумаи русӣ аз рӯйи тартиби алифбои форсӣ оварда шудаанд. Дақиқтар мебуд, агар онро «Луғати комили форсӣ-русӣ» ном барем” изҳор доштанд профессор А. Мамадназаров.