ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

232

Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ- «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо фаъолона иштикор карда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Қудратов Комрон Фахриддинович – донишҷӯи курси 4-уми дар мавзуи “Мактабҳои забоншиносии Басраву Куфа ва масъалаҳои ихтилофи наҳвӣ дар миёни онҳо» (ҷойи 2-юм), Сайдализода Дилноза Достӣ – донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии тарҷумаи ибораҳои рехта, зарбулмасалҳои романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва фаронсавӣ” (ҷойи 2-юм), Ҷаборова Нодира Абдуқодировна – донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Таҳлили сохтории вожагони байналмилалӣ дар забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ, англисӣ”, (ҷойи 2-юм) ва Абдулфайзов Муҳаммадҷон Сафарҷонович – донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Омӯзиши истилоҳоти дандонпизишкӣ ва истилоҳшиносиву истилоҳгузинӣ дар забоншиносии тоҷик ва муқоисаи он дар забони олмонӣ” (ҷойи ифтихорӣ) корҳои илмии хешро ба озмуни мазкур пешниҳод карда буданд.

Барои ғолибият ба даст овардан, садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо онҳоро бо самимияти беандоза муборакбод мегӯяд.