ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

1497

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст.

22-юми июли соли 1989 Қонуни забон қабул гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмӣ ва давлатӣ сарнавиштсоз гардид. Аслан талошу сайъу кӯшиши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шуруи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзуъ дар матбуоти кишвар сар зад. (1) Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шурои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар баробари густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули Қонуни забон «Тадбирҳо…» оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шурои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон – тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ (№142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Ин «Тадбирҳо» барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар ин муддат коргузории органҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ гузаронида мешавад». (10) Минбаъд то тағйиру дароз кардани иҷрои баъзе бандҳои ин «Тадбирҳо…» он як ҳуҷҷати расмӣ барои таъмин намудани иҷрои Қонуни забон ва густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар ин тадбирҳо чораҳои ба зергурӯҳҳо тақсим кардани гурӯҳҳои таълимӣ, ки шумораи таълимгирандагони онҳо аз 25 нафар зиёд буданд, ҷорӣ намудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбия кардани тарҷумонҳо, чопи дастуру фарҳанг­номаҳо ба забони тоҷикӣ ва як силсила тадбирҳои дигар пешбинӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар муддати солҳои 1989 аввали соли 1992 барои татбиқи ин «Тадбирҳо…» корҳои зиёде амалӣ гардид, вале бо муташанниҷ гардидани вазъи ҷумҳурӣ ва сар задани ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷрои ин «Тадбирҳо…» ба таъхир афтод ва ҳатто дар солҳои баъдӣ пасравӣ аз иҷрои он, кам кардани соатҳои дарси забони тоҷикӣ, бастани маҳфилҳои забономӯзӣ, бештар шудани истифодаи забони русӣ дар коргузории расмӣ ва ғ. мушоҳида гардид.

Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он ки ин аввалин Қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва ҳама вақт он сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони узбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, аксарияти он қарору қонунҳое, ки Шурои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд. Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳимми нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳимму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд. Албатта, дар ҳамон давра, дар ҳамон замон қабули Қонуни забон як қадам ба пеш барои ҷомеаи мо буд. Мардуми Тоҷикистон ба як шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, ба ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим Бунёди забон таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил гардид. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли 1992 ва нисбатан ором гарифтани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи тақвияти масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, ҳамасола вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар соли 1994 қарори Шурои Олӣ дар бораи гузаронидани ҷашни забон дар шароити фавқулода ба имзо расид. (2)

Баъд аз ба андозае мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Қонуни забон ва рушди густариши забони тоҷикӣ ба иқдому чорабиниҳои ҷиддӣ пардохт. Пеш аз ҳама бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 муддати давраи гузаришро дар татбиқи Қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар шуда буд, то моҳи декабри соли 1999 тамдид намуд. Дар асоси ин қарори Шурои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23-юми феврали соли 1996 ба Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989 № 142 тағйироту иловаҳо ворид кард. Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар ин бора 2 июни соли 1997 № 256 қарори махсус қабул гардид. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 459 қабул гардид. Имлои нави забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 тасдиқ гардид.

Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан қабули оинномаҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳаммияти калоне доштанд. Инчунин, сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рӯ ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ гузарониданд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии хеш ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ кард: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳилаи кутоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд». (4)

Солҳои 2000-2010 дар таърихи рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол шояд аз солҳои пурсамартарини инкишофи забони давлатӣ бошад. Агар ба таври мухтасар ба ин давра равшанӣ андозем метавон гуфт, ки ин солҳо солҳои таҳкими раванди густариши забони модарии мо дар маснади забони давлатӣ мебошад. Соли 2004 70-солагии Институти забон ва адабиёт дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар назди зиёиён ва махсусан кормандони Институти забон ва адабиёт як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта, ин муассисаи илмиро ҳамаҷониба ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ мавриди пуштибонӣ қарор дод: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст». (9)

Минбаъд барои рушду такомули забони тоҷикӣ дар назди муҳаққиқон як силсила вазифаҳои ниҳоят муҳим, таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ», ки ду китоби он соли 2008 чоп шуд, гузошта шуд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардид. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва якҷо бо 1150 солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил гардид. Татбиқи тамоми ин тадбиру чорабиниҳо ва рушду густариши бемайлонаи забони давлатӣ дар ҷомеаи зарурати бозбинии ҷадиди куллиеро дар самти дурнамои инкишофи забон ва қабули қонуни нави забон ба вуҷуд овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти таърихии ин қонунро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қайд намуда, зарурати пешниҳоди лоиҳаи навро зарур дониста, ҳадаф ва мақсади қабули онро низ ба таври возеҳ нишон дод: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шуравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст…». (12)

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарори тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

       5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону то тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст, роҳи васеъ барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ боз хоҳад шуд.

Махсусан пешниҳодҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ӯ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5-октябри соли 2010) барои рушду густариши забони модарии мо шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Таҳияи як Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ бо дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ аз қабили ба забони илм табдил додани забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳот, кампютерӣ кардани забони тоҷикӣ, забони давлатиро фаро гирифтани мансабдорони давлатӣ ва аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштани шахсоне, ки ба вазифаҳои давлатӣ таъин мешаванд, таъсиси «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар Китобхонаи миллӣ барои рушди забони давлатӣ роҳи васеъ кушод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Ин қонун вазъ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони тоҷикиро дар шароити имрӯзаи сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар муайян менамояд. Қонуни нав дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ омода гардида, дар он чунин вазъи ҳуқуқии истифодаи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ муайян гардидааст. Барои татбиқи ин қонун сохтори нави давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бар уҳдаи ин Кумита масъулияти татбиқи қонуни мазкур, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот ва назорати истифодаи меъёрҳои забони адабӣ гузошта шудааст.

Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар (5), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун (6) дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.

Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:

1. Ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ;

2. Таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик.

Махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ (8), забони муосири тоҷикӣ (3), фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ» «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои I ва II) ва ғайра (11).

3. Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ.

Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». (7)

Дар муддати начандон тулонии Истиқлол инкишофи муназзаму ботадриҷи ҳама бахшҳои забоншиносии тоҷикро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар даврони Истиқлол мактабҳои илмии забоншиносӣ ташаккул ёфтанд. Илми забоншиносӣ ҳамзамон бо пешрафти риштаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ривоҷу равнақ пайдо менамуд. Дар ин миён назария ва фикру ақоиди забоншиносони пешин, ҳамеша сармашқу роҳнамои муҳаққиқони муосир дар амри таҳқиқу пажуҳиш будааст. Метавон аз чанд корҳои бунёдии муҳаққиқон дар ҳавзаҳои илмии ҷумҳурӣ номбар кард: Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Вожашиносии забони форсии миёна» 2001, -310 с., «Форсии бостон» 2007, -190 с., (Саймиддинов Д.), «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо», 2014, -370 с.,  «Имло ва забони адабӣ» 2015, -320 с. (Назарзода С.), «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» 2000, «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ» 2003, -168 с. (Султонов М.), дар макотиби олии кишвар асарҳои Маҷидов Ҳ. «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ», 2014. –352 с., «Забони адабии муосири тоҷик» –ҷ.1. Луғатшиносӣ. 2007. – 242 с., «Услубшиносӣ»-и Камолиддинов Б., «Таърихи забони адабии тоҷик», 2003, 290 с. (Қосимова М.Н), «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI» 2013, 341 с. (Хоҷаев Д.), «Масоили сохтмони забони тоҷикии адабӣ дар солҳои 20-90- и садаи XX» 2013, (Ваҳҳобов Т.), «Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои X-XII дар гӯйиши шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ)», 2003. -289 с. (Ҳасанов А.) ва «Адиб, забон ва услуб», 2001. -175 с.  (Т. Шокиров) чоп шудаанд.

Инчунин, дар давраи Истиқлол яке аз бахшҳои дигари илми забоншиносӣ топонимика рушду нуму кардааст. Яке аз марҳилаҳои мушкил дар таҳлил ва шинохти номвожаҳои ҷуғрофӣ, ба вижа номҳои таърихӣ, таҳқиқи этимологӣ ва ё решашиносии номҳо ба шумор меравад. Ин марҳила метавонад аз роҳи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ бо истифода аз манобеи хаттии осори давраҳои гуногуни таърихӣ ва муқоисаи номвожаҳо бо забонҳо ва лаҳҷаҳои минтақаҳои гуногун ё сарзаминҳои таърихии будубоши мардумони эронинажод анҷом дода шавад. Дар таҳқиқи номҳои ҷуғрофӣ аз асарҳои “Топонимияи минтақаи Кӯлоб (тадқиқи таърихию забоншиносӣ)” 2015, – 448 с., (Алимӣ Ҷ.) “Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор” 2010, – 228 с. (Маҳмадҷонов О.), “ Топонимияи водии Қаротегин” 1999, -411 с., (Исмоилов Ш.), “Топонимияи водии Кешруд (таҳқиқоти забоншиносӣ)” 2002, -104 с. (Ҳомидов Д.) –ро метавон ном бурд.

Дар даврони Истиқлол таҳияи фарҳангҳои гуногун густариш ёфт. Баъд аз соли 1991 аз рӯйи маълумотҳои оморӣ беш аз 150 фарҳанги гуногуни тафсирӣ, тарҷумавӣ ва махсус таҳия шуданд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Д. Саймиддинов, С. Холматова, С. Каримов, 2006, 75000 калимаву ибора), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Назарзода С., Каримов С., Сангинов А., Султонов М., 2 ҷилд, 2008, 2010, 80000 калимаву ибора), «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубӣ», Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, 2015), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», Назарзода С., Каримов С., Файзиев С., ҷ. 1, ҳарфи «А», 2011, 12000 калимаву ибора, ҷ. 2, ҳарфи «Б», 13500 вожаву таркибҳо, 2022) чоп шуданд. Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ бо сабаби хусусияти умумӣ доштан, пояи таҳияи фарҳангҳои дигари дузабона, истилоҳӣ, соҳавӣ, махсус ва ғайра гардиданд. Дар таҳияи фарҳангҳои тарҷумавӣ низ муваффақиятҳои калон ба даст омад. «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (П. Ҷамшедов, 2008, 60000 калимаву ибора), «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (А. Мамадназаров, 2015, 100 000 калимаву ибора), «Фарҳанги тоҷикӣ-арабӣ» (С. Сулаймонов, 2010, 100 000 калимаву ибора) чоп шуданд. Шумораи умумии фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ 110 номгӯйро ташкил дод. Дар даврони Истиқлол се дафъа (1998, 2011, 2022) имлои забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷдиди назар шуд. Дар баррасии аввал ба имло тағйироти ҷиддӣ ворид гардида, ин тағйиротҳо аз тағйири ҷойи ҳарфҳо дар алифбо ва тағйири тарзи талаффузи онҳо, ихтисори ҳарфҳои алифбо аз 39 адад ба 35 адад аз ҳисоби хориҷ кардани ҳарфҳои махсуси русии «ц, щ, ы, ь» иборат буданд. Дар ин давра фарҳангҳои имло низ чоп шуданд, ки яке дар соли 1991 аз тарафи А. Маниёзов ва А. Мирзоев таҳия гардида, дигаре аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 пешниҳод гардида буд.

 Дар солҳои Истиқлол марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо мақоми давлатӣ гирифтани он оғоз меёбад. Дар робита бо рушду густариши забони давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол як силсила масъалаҳо гузошта шуд, ки рушди забони тоҷикиро ба дараҷаи сифатан нави таърихӣ мерасонад. Ин масъалаҳо чунинанд:

-танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;

-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;

-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;

-таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;

-нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;

-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.

Дар солҳои 2019-2022 боз ҳам масъалаҳои рушди забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дар робита бо таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ, дастури илмии забони тоҷикӣ, ба сатҳи забони илмӣ баровардани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳот ва ҳамгунсозии онҳо дар назди забоншиносон вазифаҳои нав гузошта шуд.

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз вазифаҳои иҷтимоии забон тағйир ёфта, аҳаммияти сиёсиву миллӣ ба худ касб кардааст. Дар натиҷаи ворид шудани мафҳумҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоию илмӣ дар забони тоҷикӣ вожаву истилоҳоти нав аз забонҳои гуногуни дунё пайдо мешаванд. Дар ҷараёни инкишофи иҷтимоию сиёсии тамаддунҳо бархе аз забонҳо вобаста ба истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа хусусиятҳои вижаеро касб мекунанд. Ба ҳама маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони шеър, забони юнонӣ – забони фалсафа, забони лотинӣ – забони илм мебошанд. Ҳамин тариқ, инкишофи хусусиятҳои сохторӣ ва вожасозии забон асосан ба шакл ва тарзи истифодаи он дар соҳаҳои алоҳидаи илму фарҳанг иртибот пайдо мекунанд. Аз ин нуқтаи назар вижагиҳои хосси забони тоҷикӣ дар назм инъикос ёфтааст. Ҳангоми таҳия ва тартиби фарҳангҳо муҳаққиқон ва фарҳангнигорон намунаҳои хешро одатан аз осору девонҳои шоирони давраи классики адабиёти тоҷикӣ-форсӣ меҷӯянд. Ҳол он, ки намунаҳо дар осори насрӣ ва илмӣ ҳам ба ин забон бисёр аст. Сабаби асосии муроҷиати муҳаққиқон ба осори назмӣ дар он аст, ки дар шеър вожаҳои асилу ноби тоҷикӣ пойдор монда, асолати забони тоҷикиро нигоҳ доштааст. Забони наср бар асари махлут шудан бо вожаҳои арабӣ, туркӣ, русиву аврупоӣ покизагиву беолоиши худро гум кардааст.

Забони муосири тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони миллати мустақили миллати тоҷик мебошад. Ин забон тамоми сарвати забони гуфтугӯиро дар худ ҳазм намуда, ба сохтори вожагони худ тамоми унсурҳои беҳтарини лаҳҷаҳои маҳаллиро дохил карда, аз тарафи дигар асосҳои сохтори дастурӣ ва захираи луғавии забони адабии классикиро, ки дар давраи оғози рушди забон дар замони Сомониён шакл гирифта буд, дар худ нигоҳ доштааст. Дар таърихи сиёсии мардуми тоҷик кам дудмони давлатдорӣ пайдо мешавад, ки ба сулолаи Сомониён дар бобати таъмини рушди бесобиқаи забони тоҷикӣ ва таъмини сиёсати миллии таҳаммулпазир, ки сиёсати забониву фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, баробар шавад. Ба туфайли сиёсат ва хирадмандии Сомониён мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои бойтарини дунё ҳастем. Донишмандони бузурги асрҳои миёна, ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва садҳову ҳазорҳо муосирон ва пайравони онҳо осори ба олам машҳури худро ба ин забон навишта, шомили тамаддуни ҷаҳонӣ кардаанд. Имрӯз мо ба мерос забонеро соҳиб ҳастем, ки бо ин забон аз давраи пайдоиши ислом матни Қуръон борҳо тарҷума шуда, тафсири он ба ин забон навишта шудаанд. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаҳои беҳтарини услуби динии забони мо мебошад. Ҳатто қадимтарин тарҷумаи Қуръон бо номи «Қуръони қудс» (асри VIII) ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мансуб аст. Тавоноӣ ва имконияти забони мо ба гузаштагони мо дар муддатҳои тулонии садсолаҳои таърихии номусоид, гоҳҳо мудҳишу даҳшатбори хунин имкон дод, ки бо ин забон адабиёти пурбор, назми беҳамтои рангоранг ва тамаддуни бузурге биофаранд. Ба ғайр аз ин, дар давоми садсолаҳо забони тоҷикӣ воситаи муоширати байналмилалӣ, забони коргузории бисёре аз қавму миллиятҳо дар як минтақаи паҳновари тамаддуни ҷаҳонӣ аз Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳилҳои Баҳри Миёназамин гардида буд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як силсила чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ шароит ва муҳити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ муҳайё шудааст. Манбаъ ва сарчашмаи муҳимми густариш ва инкишофи забони меъёри адабӣ расонаҳои гурӯҳӣ ва, махсусан, шабакаҳои радио ва телевизион мебошад. Забони матбуот оинаи забони адабии меъёрӣ буда, барои оммаи васеи мардум аз лиҳози овоӣ ва талаффуз радио ва телевизион маҳаки забони адабии гуфторӣ мебошад. Забони муосири тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон истифода гардида, ба услуб ва рангорангии забони гуфтугӯӣ таъсир мерасонад. Ба забони тоҷикӣ адабиёти фаровон таҳия шуда, рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде чоп мешаванд. Китобҳо ва воситаҳои таълимӣ дар тамоми соҳаҳои дониш таҳия шуда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии гуногун ба ин забон гузаронида мешавад. Забони адабӣ ба ғайр аз шакли навишторӣ ба шакли гуфторӣ ҳам дар шабакаҳои радио, телевизион ва театру кино вуҷуд дорад.

Аз рӯйи сохтори дастурӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои таҳлилӣ дохил мешавад. Барои бархе ҳиссаҳои нутқ набудани шаклҳои тасрифӣ ва ҷинсият хос мебошад. Робитаи байни калимаҳо ва ҷумлаҳо ба воситаи вандҳо, бандаки изофӣ ва тартиби калима сурат мегирад. Мувофиқат ҳамчун воситаи алоқа байни исм ва феъл вуҷуд дорад. Ба таври умум фарқиятҳои дастурии ҳиссаҳои номии нутқ аз давраи классикӣ хеле кам аст. Бархе аз онҳо хусусияти ом гирифтани пасванди ҷамъсози -ҳо ва маҳдуд гардидани вазифаи пасоянди-ро мебошад. Низоми феълҳои забони тоҷикӣ дорои шаклҳои зиёди таҳлилӣ мебошад, ки категорияҳои замон, сиға, дар ташкили шаклҳои содаи феъл, асосҳои феъл, пешоянд, бандакҷонишинҳои шахсӣ фаъол мебошанд. Дар ташкили шаклҳои феълии мураккаби таҳлилӣ феъли ҳол, сифати феълӣ, шаклҳои масдарӣ аз ҳисоби феълҳои модалӣ иштирок мекунанд. Сиғаҳои феълӣ дар шаклҳои гуногун ва замон бо шаклҳои ҳозира, гузашта ва оянда ва намудҳои онҳо дар замон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар калимасозии феъл, феълҳои таркибӣ ва мураккаб бо истифода аз феълҳои сода (кор кардан, нигоҳ кардан, гап задан) ҷои асосиро ишғол мекунад. Истифодаи шаклҳои гурехта омадан, гурехта рафтан, омада монд низ мавриди истифода мебошанд.

Дар шароити муосири рушди забони тоҷикӣ пажуҳиши ҷомеи гӯйишҳои гуногуни забони тоҷикӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Лаҳҷаву гӯйишҳо сарчашмаи муҳимтарини такмили забон ва ғанӣ гаштани соҳаи истилоҳсозии забон мебошад. Дар гӯйишу лаҳҷаҳо вожагони ноби қадимӣ нуҳуфтаанд. Муқоисаи онҳо бо вожагони забони тоҷикии давраи оғозин махсусан замони Сомониён ва асрҳои баъдӣ барои ташаккули меъёрҳои забонӣ ва нигоҳ доштани пайванди таърихӣ хеле муҳим аст. Гӯйишҳои муосири забони тоҷикӣ натиҷаи марҳилаҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ аз давраҳои бостон то имрӯз аст. Пажуҳиши лаҳҷаҳо аз нимаи дувуми асри ХIХ оғоз гардида, дар қарни ХХ хусусияти умумӣ гирифта, дар ин ҷода забоншиносони зиёде ба камол расида, бо баргузор намудани экспедитсияҳои забонӣ бисёре аз гӯйишҳо таҳқиқ гардида, муваффақияти зиёде ба даст омадааст. Асари бунёдии В. С. Расторгуева бо номи «Опыт сравнительного изучение таджикских говоров» (Таҷрибаи пажуҳиши муқоисавии шеваҳои тоҷикӣ) натиҷаи чунин тадқиқотҳо дар соҳаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ мебошад. Мувофиқи пажуҳишҳои ахир гӯйишҳои забони тоҷикӣ ба чор гурӯҳи калон: шимолӣ, марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ ҷудо шудааст. Ба ин гурӯҳҳо боз гурӯҳҳои шеваҳои тоҷикони Афғонистон низ шомил шуда, баъзе пажуҳишҳо анҷом ёфтаанд. Забони гуфтугӯии адабӣ, ки дар солҳои ахир ташаккул ёфта истодааст, дар муқоиса бо забони адабии навишторӣ дорои хусусиятҳои хосси забонӣ мебошад. Бархе аз ин хусусиятҳо овоӣ, аз ҷумла афтидани ҳарфҳои охири «д», «т» (даст>дас, мераванд> мераван) афтидани овози ҳалқии «ҳ» (даҳ-да, нуҳ-ну) ба ҳам якҷо шудани нб> мб (занбур-замбур, анбор-амбор…) ва ғайра мебошад. Хусусиятҳои сарфии забони гуфтугӯӣ табдил ёфтани пасоянди-ро ба -а/-я камшудани истифодаи нишонаи ҷамъи -он, табдили артикли номуайянии -е ба як ва ғайра мебошанд.

Хулоса, таҳаввулоте, ки дар заминаи дастури забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ рӯй додааст, ҳарчанд ки дар дастгоҳҳои асосии забон таъсири манфӣ гузошта бошад ҳам, ба монанди марази «тарҷумазадагӣ» ва амсоли он, вале боз ҳам чеҳраи хоси онро ба ҳайси забони мустақил дигаргун насохтааст. Аммо агар ин раванд ба ҳамин шакл дар оянда низ идома пайдо мекард, пешгӯии оқибати он мушкил буд.

Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтааст. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Дар моҳи марти соли 2020 (ҷилди аввали он соли 2016 чоп шуда буд) китоби дувуми «Забони милат – ҳастии миллат» бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз асри ХIII то ибтидои асри ХХ аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост. Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.

Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳимми илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳаммияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ.) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун тадқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.

Сарчашма ва маводи муътамад барои ташаккули минбаъдаи забони адабӣ истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ мебошад. Аз тарафи дигар, таҳқиқи бунёдиву муфассали забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони тоҷикӣ аз дидгоҳи нав, аз нуқтаи назари ҷамъоварии тамоми калимаву таркиб ва ибораҳо дар чорчӯбаи таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ бисёр муҳим аст. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожасозӣ нуҳуфта ва ё ноёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони тоҷикӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд. Ин таҳқиқот бояд забони девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзабононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаи асосии вожаҳо ва истилоҳоти забон ва шеваҳои калимасозии меросӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд, бояд дарбар  гирад. Инчунин, мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои оммиёна, таърихномаҳо, аҷоибномаҳо, сафарномаҳо ва умуман осори насрии даври гузашта низ аз аҳаммият холӣ нест. Дар ин гуна осор бисёр вожа ва истилоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни мардумонро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад. Таҳқиқ ва таҳлили тамоми фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои давраи оғози фарҳангсозии забони тоҷикӣ аз нигоҳи вожасозӣ ва истилоҳшиносӣ ва бо роҳи истифодаи дастовардҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ганҷинаи вожагони забон аз асоситарин масъалаҳои пажуҳишӣ барои таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ мебошад.

Зеро дар баробари вожагони серистеъмол қарор додан ва зинда кардани вожаҳои маҳҷур ва камошнои тоҷикӣ барои забони мо манфиати бештар хоҳад дошт, аз он ки барои онҳо аз калимаҳои ноошно, ғайримаъмул ва душворфаҳми забони арабӣ ва ё забонҳои бостонӣ муодил баргузинем.

Истифода аз забонҳои бостонӣ, миёна ва нави эронӣ, инчунин истифода аз захираи вожаву истилоҳоти навсохти ҳамзабонон низ аз аҳаммият холӣ нест. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсиву дарӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин вожаву таркибҳо ба таври куллӣ муайян намояд. Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд.

Барои ба даст овардани таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.

Масъалаи дигари бисёр муҳим барои сарнавишти забони тоҷикӣ имрӯз таҳияи дуруст ва ба тартиб овардани имлои забони тоҷикӣ мебошад. Бар уҳдаи Комиссияи имло, ки имрӯз дар кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, вазифаи басе пурмасъулият гузошта шудааст. Пеш аз ҳама дар таҳияи имлои нави забони тоҷикӣ хусусиятҳои таърихии рушди онро аз давраи пешин то имрӯз ба назар гирифта, хатову иштибоҳҳоеро, ки дар солҳои пешин зери таъсири омилҳои сиёсии даврони Иттиҳоди Шуравӣ (иловаҳои ҳарфҳои хосси забони русӣ, ки ҳанӯз ҳам бо номи сунъии-«ётбарсарҳо» боқист, таъсири ақидаҳои барғалати дар асоси талаффузи лаҳҷавӣ таҳия кардани имло ва махсусан бесарумонӣ дар истифодаи садонокҳои у, ӯ ва и, ӣ ва ғайра) таҳиягарони имлои забон роҳ дода буданд, бояд дар асоси пажуҳишҳои дақиқи илмӣ бартараф карда шаванд.  Имрӯз, ки боз баҳсҳо дар атрофи ин масъала идома доранд бояд зикр намуд, ки дар истифодаи садонокҳои «у»-и устувор ва «у»-и ноустувор, «и»-и устувор ва «и»-и ноустувор иштибоҳҳои ҷойдошта дар имлои забони тоҷикӣ ислоҳнашуда боқӣ монданд. Иштибоҳ дар он аст, ки дар имлои имрӯза ҳам «у»-и ноустувор ва ҳам «у»-и устувор ба таври омехта истифода гардида, ҷойи мушаххаси онҳо нишон дода нашудааст. Ба таври мисол, овози «ӯ», яъне «у»-и ноустувор ҳам барои калимаҳои дорои «у»-и ноустувор (бун, бунафш, буз, бурд, дузд…) ва ҳам барои «у»-и устувор (дуд, дур, ду, душ…) ва бо «ӯ»-и дароз ифода шудани ҳам овози «у» (устувор ва ҳам вови маҷҳул) (шӯра, гурӯҳ, шукӯҳ, чӯпон, кӯча, чӯҷа, бӯй, гӯш, чӯб…) дида мешавад. Аслан, низоми овоии забони тоҷикӣ аз шаш садоноки устувору ноустувор (а-о, у-ӯ, и-ӣ) ва ду садоноки дароз ӯ ва э, иборат аст, ки аз солҳои панҷоҳуми асри ХХ ду садоноки дароз ба инобат гирифта намешавад. Вале устувориву ноустувории овозҳои забон меъёрест, ки халал овардан ба он низоми забонро вайрон мекунад. Акнун дар даврони Истиқлол вақти он расидааст, ки ақидаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи имло тадбиқ карда шавад, ки дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) гуфта буд: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». Ин пешниҳодҳо бештар хусусияти амалӣ дошта, барои иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр муҳим мебошанд. Масъалаҳои таҳким ва пажуҳиши илмии ҷанбаҳои гуногуни рушди забони модарӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва академикӣ, фарҳангҳои гуногуни забоншиносӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон ва дигар бахшҳои забон) тарафи дигар ва бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошад, ки он мавриди баҳси мақолаҳои алоҳидаи дигар мебошад.

Дар даврони Истиқлол пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ хусусияти бунёдӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама муҳим таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, Сарвари давлат оид ба масъалаҳои гуногуни рушди илми тоҷик таваҷҷуҳ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи забони тоҷикӣ ва махсусан ба мақоми илмӣ баровардани рушди забони тоҷикӣ ишора карда, боз як бори дигар ба пешниҳодҳои худ оид ба рушди забони тоҷикӣ дар суханронии хеш дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи октябри соли 2019) таъкид доштанд. Дар ин суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.

Баъд аз эъломи Истиқлол зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё кардани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд. Соли 2019 ҳангоми мулоқот ба истиқболи даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 марти соли 2009) Сарвари тоҷикон масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ, махсусан риояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, омода сохтани пайкараи забон, танзими истилоҳот ва як силсила масъалаҳои мубрами забони тоҷикиро хотирнишон кард. Махсусан, барои густариши забони тоҷикӣ дар оянда асару мақолаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асрҳои ӯ ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006) инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, китоби ӯ «Забони миллат – ҳастии миллат», (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дувум 2018, ҷилди 2, 2020) дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.

Адабиёт

  1. Дузабонӣ талаби ҷомеа аст// Мақолаи дастҷамъонаи устодони Институти педагогии шаҳри Хуҷанд. Ҳоло Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров// Газетаи «Муаллимон», 19 майи соли 1987.
  2. Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» // Ҷумҳурият, 16 июли соли 1994
  3. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. –Душанбе, 2007; Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ. Душанбе, 2004; М.Ҳ.Султон. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, 2000; Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик. Душанбе, 2003.
  4. Номаи табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон // Ҷумҳурият, 24 июли соли 2003
  5. Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002; Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002; Эмомалӣ Раҳмон.Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, Ирфон, 2006; Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, Ирфон, 2006; Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1, Ба сӯйи пояндагӣ. Душанбе, Нашри якум 2016. Нашри дувум 2018; Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 2, Замон ва забон. Душанбе, 2018.
  6. Раҳмон Э. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) //Ҷумҳурият, 23 майи соли 1998; Эмомалӣ Раҳмон. Забон ва бедории миллӣ// Садои мардум, 24 марти с. 2001; Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст// Ҷумҳурият, 24 марти соли 2001ва ғ.
  7. Раҳмон Э. Забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Забон, 21 июли соли 2007.
  8. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001; Саймиддинов Д. Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ. Душанбе, Дониш, 1992; Саймиддинов Д. Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ. Душанбе, 2008.
  9. Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. // Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004
  10. Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон, Душанбе, 1989, саҳ 13.
  11. Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ ҷ.1, зери таҳрири С.Д. Холматова, С.Солеҳов, С.Каримов. -Душанбе, 2004; ҷ.2, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов. –Душанбе, 2005; нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов. –Душанбе, 2006; Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, зери таҳрири Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Султонов М. М, иборат аз ду ҷилд. Душанбе–Машҳад, 2008. Донишномаи Рӯдакӣ, иборат аз ду ҷилд. Душанбе-Димишқ, 2008 ва ғ.
  12. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар// Ҷумҳурият, 21 марти соли 2009.

Назарзода С. –профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо

Шодиев Р.А.-декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо