Ватан болу пар, сарфарозиву сарбаландӣ, бахту иқбол ва орзую умеди инсон аст. Ватан барои ҳар як фард муқаддастарин дороӣ ба шумор меравад, ки бо шунидани ин калимаи зебову хуҷаста дар пеши назарамон зодгоҳ, хонаву дар, гаҳвора ва модар ҷилвагар мешавад. Ватан модари мушфиқу меҳрубони мо буда, умр аз ҳасти дар он саодату маънӣ мегирад. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Яъне агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ- Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Оғӯши Ватан мисли оғӯши Модар аст. Аз ин оғӯши гарм ҳеҷ чиз берун намемонад. Моҳу Хуршеду Замину Замон яктост, пас, қарзи имониву ҷонии ҳар як фард аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасад ва аз осудаҳоливу дар Меҳан зиндагӣ карданаш шукргузорӣ намояд ва дар замири хеш ҳисси ватандӯстиву ватандориро парвариш диҳад.
Аслан, афрӯхтани шуълаи ифтихори ватандорӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан ва ба нафъи он хизмат кардан аст.
Дар замири мардуми мо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ифтихори миллӣ на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд.
Дар ин хусус Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: «Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста карданд».
Воқеан, бузургони ин миллати тамаддунсозу фарҳангпарвар дар рушду нумуи илмҳои ҷудогона саҳми беназир доранд. Маҳз диди фарох ва донишу фарҳанги воло ин миллати соҳибкитобро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруф гардонидааст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо исми мубораки қофиласолори шеъри форсӣ- Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоирону адибон, мисли Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Фирдавсӣ, Саъдию Камол ва даҳҳо дигарон ифтихор мекунанд. Оре, ифтихор аз чунин абармардони диёр ва омӯзиши дафтари ашъор ва ҳикмати сабзи эшон вазифаи муқаддаси мост.
Вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки сабақ омӯхтан аз гузаштааст. Рӯҳи бешикасти фарзандони фарзонаи миллати тоҷик худ ибратомӯз аст. Дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи фаношавӣ наздик шуда, дубора эҳё гардида, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурда бошад.
Воқеан, Ватан ифтихор, шаъну шараф ноёбтарин неъмат ва сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Чунончи яке аз бузургони адабиёти ҷаҳонӣ Бейрон мегӯяд: «Касе, ки Ватани худро дӯст намедорад, чизеро дӯст дошта наметавонад».
Одинаҳмад САИДОВ,муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо