АБУАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ -ҚОФИЛАСОЛОРИ НАЗМИ ТОҶИКУ ФОРС

258

Соҳибқирони шоирон, Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ омӯхтан аз гузашти рӯзгор, баҳра бардоштан аз таҷрибаи онро баҳри дафъи ҳар гуна ҳодиса маслиҳат медиҳад ва мегӯяд:

 Ҳар кӣ н -омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

***

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Устод Рӯдакӣ ба ҷоҳон на бо чашми сар, балки бо чашми хирад нигаристанро таъкид мекунад ва мегӯяд, ки ин дунë мисли дарëи бузургест, барои гузаштан аз он ва аз накӯкорӣ киштие бояд сохт:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарëст в-аз   накӯкорӣ,

Киштие соз, то  бад-он  гузарӣ.

Рӯдакӣ барои ба чашми хирад нигаристан ба олам бохирад будан, дониш омӯхтан, фарҳанг омӯхтанро шарти аслӣ мешуморад. Ӯ донишро ба чароғи равшане, ки роҳро равшан мекунад ва ҳам ҷафшане, ки тани одамро аз ҳар гуна бадиҳо эмин нигаҳ медорад монанд кардааст:

            Дониш андар дил чароғи равшан аст,

            В-аз ҳама бад бар тани ту  ҷавшан аст.

            Соҳибқирони шоирон Рӯдакӣ ба он бовар дорад ,ки дар зиндагӣ  барои фарзанди  инсон ғайр аз донишу хирад ҳамчунин “тани дурусту хӯи неку номи нек” зарур мебошад, зеро ҳар он кӣ Эзад ин чаҳор хислатро ба ӯ додааст, “шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад”.

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки Эзадаш ин чаҳор  рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону  ғам нахӯрад.

Одам-уш-шуаро, султони шоирон Рӯдакӣ бар нафси худ амир будан, бар кӯру кар нукта нагирифтан, дасти фитодае гирифтанро аз хӯи  неки инсонӣ медонад ва номи онро “мардӣ ” гуфтааст:

            Гар бар сари нафси худ амирӣ,мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта  нагирӣ,мардӣ.

Мардӣ набувад  фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ,мардӣ.

Рӯдакӣ мардумро ба дӯст будан даъват мекунад. Ӯ бартар аз  дидори дӯст набудани шодии дигаре ва талхие талхтар аз фироқи дӯсти пурҳунарро  ба ҷаҳониëн таъкид намуда мегӯяд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон ,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони  пурҳунар.

            Устоди Панҷрӯдӣ, яъне Рӯдакӣ ҷаҳонро ба нағил, ки имрӯз оғилаш мегӯем монанд карда одамонро ба гӯсфандон ташбеҳ додааст ва бо ҳамин содагии тасвиру баëн ба гузаранда будани умр ва миранда будани инсон ишора намудааст, ки дар зоти худ нотакрор аст:

            Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил,

            Чун гаҳи хоб бувад, сӯйи нағил бояд шуд.

Устоди Панҷрӯдӣ васфи зебои ҷамоли ëр намуда мегӯяд:

            Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,

            Ранг аз пайи рух рабуда бӯ аз пайи мӯ.

Гул ранг шавад, чу рӯй шӯйи ҳама ҷӯ,

Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ.

   Бисëре аз шоирон аз ашъори ғиноманди  Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ илҳом гирифта ба ситоиши шоир кӯшидаанд. Барои намуна як чанд ашъори мавсуфро дар васфи шоир меорем. Рашидии Самарқандӣ дар садаи XII гуфтааст:

            Гар сарӣ ëбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Ë Низомии Арeзии Самарқандӣ ӯро  ҳам “соҳибқирони шоирӣ “ва ҳам “устод “номидааст:

             К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

             Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

             Ва Шарқзод, ки дар эҷоди шеър тахаллуси мо аст, барои шод кардани руҳи Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон устод Рӯдакӣ қаламронда гуфтаам:

            Шаҳд резад аз забони Рӯдакӣ,

            Меситоям ман баëни Рӯдакӣ.

            Ҳеҷ гаҳ, холӣ мабодо, ҳеҷ гаҳ,

            Боғҳои бехазонӣ, Рӯдакӣ.

            Дар диëри шоирӣ ҳаргиз набуд,

            Ҳеҷ шоир ҳам инони  Рӯдакӣ.

            Доимо омода бошад бар сафар,

            Сӯи фардо корвони  Рӯдакӣ.

            Менависам аз садоқат, аз вафо,

            Баҳри ëрон достони  Рӯдакӣ.

  Ҳусейнзода Исмоил (Исмоили Шарқзод)

– донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси арабӣ -англисии

факултаи забонҳои Осиë ва Аврупо