ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОН ОЛИМПИАДА

164

Бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз санаи 22.11.2023 то24.11.2023 олимпиада дар ду давр баргузор гардид. Дар даври якум донишҷӯён ба олимпиада аз се бахши забон, франсавӣ, олмонӣ ва хитоӣ ширкат намуда, савияи дониши худро санҷиданд. Миқдори умумии донишҷӯён дар даври аввал аз 57 нафар иборат буд. Донишҷӯёни мазкур дар даври аввал аз рӯйи ду шарт дар олимпиада иштирок карда, ҳар яке аз онҳо мувофиқи савияи дониши хеш барои даври дуюми олимпиада роҳхат гирифтанд. Аз ин миқдор, донишҷӯён ба даври дуюм танҳо 28 нафар роҳ ёфтанд. Маълум гардид, ки донишҷӯён дар ин олимпиада бо тайёрии хуб дидаанд. Дар натиҷа аз тарафи аъзоёни комиссия устодони кафедра дотсентон Маҳмадов Ҷ., Ҷумаев Т. Замонов З., м.к. Шарипова Г., м.к. Назиров Ш., ассистентон ОдинаеваМ, Хуа Бин, Асозода Ҳ. ва дигарон ғолибони ҷойи якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ маълум гардид.

Бо ташаббуси декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Рустам ва мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Ҷ. Маҳмадов ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.