ҲАЁТИ ОСОИШТА АЗ ВАҲДАТ АСТ

63

Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд. Сулҳу субот ва ваҳдату ризояти миллӣ бо қадами мубораки фарзонафарзанди ҷонфидои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа устувор гардида, соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат рушд ёфта, мактабу маориф, илму дониш мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.

Мо имрӯз шукронаи тинҷию амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ дар давлатамонро мекунем, вале набояд фаромӯш созем, ки ин неъмати бебаҳо маҳз аз Ваҳдат аст, ки барои мо тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва сулҳу суботи доимӣ барқарор гардад.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва оштии миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба барқароркунии иқтисодиёт ва гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва иқтисодӣ равона кард. Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ ба фарҳангу иқтисодиёти кишвар зиёни зиёд расонид, вале халқи меҳнатқарини мо шукри осудагиву якдилӣ намуда, кӯшиши зиёде ба харҷ дод то мамлакатамон ба сафи давлатҳои пешқадам ворид шавад. Натиҷаи ин арзиши волои миллист, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз ободу зебо ва шукуфон гаштааст.

Чуноне ба ҳамагон маълум аст, дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат масъулияти бештарро талаб менамояд, зеро вазъияти ҷаҳони муосир пешгӯинашаванда ва тағийрпазир боқӣ мемонад. Кишварҳои гуногун бо сабабҳои манфиатҷӯии гурӯҳҳои алоҳида ба хоку хун кашида мешаванд ва ҳодисаҳои солҳои охир дар миқёси ҷаҳон гувоҳи он аст, ки раванди сиёсии давлатҳои ҷудогона торафт мураккаб мегардад. Пас маълум мегардад, ки ҳушёрию зиракии сиёсӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, бохабар будан аз таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва пеш аз ҳама, нигоҳ доштану ҳифз намудани сулҳу ваҳдати миллӣ масъулияти басо баландро талаб мекунад.

Чи гунае, ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем.

Пеш аз ҳама, бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуктаи назари таҳлилӣ баҳои дуруст дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатогӣ роҳ надиҳем, ки як хатои хурди мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишвар гардад. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад.

Ваҳдати воқеӣ дар сурати муттаҳидии миллат ба даст меояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз аввалин рӯзҳои фаъолияташ, яъне соҳибистиқлол шуданаш ва махсусан баъди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон баҳри як ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявии демократиро ба ҳадаф гирифта буд, ки ин иқдоми нек боиси пешрафту таҳкими давлату давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон гардид.

Ҳамеша заковати воло, хиради созанда ва дониши амиқ имкон медиҳад, ки инсонҳо роҳи сулҳу ваҳдат ва осоиштагиро ихтиёр намуда, аз ҳар шароиту вазъи хароб худро берун созанд, ҷои буду бош ва кишварашонро пешрафтаву обод намоянд. Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард. Модели сулҳофарии тоҷикон, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, барои мамлакатҳое, ки дучори ин навъ вазъият шуда тӯли даҳсолаҳост, ки аз он раҳоӣ ёфта наметавонанд, намунаи ибрат шуда метавонад.

Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем.

Шодмон Сайдализода,номзади илмҳои филологӣ,декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо