ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

5

Имрӯз ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Сайдализода Ш. оғоз гардид. Мавсуф дар баромади худ ба нақши таърихии Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи суботи ҷомеа ва омили рушди устувори давлатдорӣ таъкид намуда, онро самараи раҳнамоию ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Ӯ зикр кард, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ фазои сулҳу оромӣ, якдиливу ҳамбастагӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон таъмин гардидааст.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар факултети таърихи ДМТ Шарипов Шомаҳмад бо маърӯзаи илмӣсуханронӣ намуд. Дар баромади худ Шарипов Ш. бо такя ба далелҳои таърихӣ ва воқеиятҳои замони муосир нақши калидии Ваҳдати миллӣ дар наҷоти давлати тоҷикон, эҳёи фарҳанги миллӣ ва шикастани бунбастҳои сиёсиву иҷтимоии кишварро мавриди таҳлил қарор доданд.