ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ

9

Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши илмию назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои филология Сайдализода Шодмон ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар даврони муосир номид.

Ӯ зикр кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист давлатдории миллиро эҳё намуда, дар самти илму маориф, фарҳанг, сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиёт ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.

Сипас, декани факултети фалсафа, доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Ҳ.Қ. суханронӣ намуда, паҳлуҳои фалсафӣ ва сиёсиву маънавии Истиқлолро баррасӣ кард. Вай таъкид намуд, ки Истиқлол на танҳо рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллати тоҷик, балки заминаи аслии рушду нумӯи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳамоиш бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷамъбаст гардид.