Имрӯз (13.05.2022) бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Рӯзҳои франкофонӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон, сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Таран, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Шодиев Рустам Азизуллоевич, атташеи фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Франсия Эва Тозие, кормандони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар” (“Бактрия”) ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар дар оғози ҳамоиш Шодиев Р. А., Мирзамонзода Х. М., ва ҷаноби Мишел Таран суханронӣ карданд.
Сипас дар бахши фарҳангии маҳфил донишҷӯён бо забони фаронсавӣ саҳнаҳои театрӣ ва суруду шеърҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Домой Ахбор