Имрӯз (15.05.2023) бо ташаббуси кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Собиқадори маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи СССР ва муаллифу мураттиби китобҳои зиёди дарсӣ Ҳилол Каримов маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Перомуни рӯзгор ва фаъолияти Ҳилол Каримов доктори илмҳои филология, профессор О. Хуҷамуродов, доктори илмҳои филология, профессор У. Сафаров ва номзади илмҳои филологя, дотсент А. Байзоев суханронӣ карда, хотироти некеро аз ҳаёти донишгоҳии ӯ ёдовар шуданд.
Ҳамчунин дар маҳфил фарзанди Ҳилол Каримов доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геологияи ДМТ Каримов Фаршед ва хоҳараш Каримова Матлуба иштирок доштанд.
Профессор Ҳилол Каримов аз ҷумлаи забоншиносони маъруфи кишвар буд, ки ба ҳайси омӯзгори соҳибтаҷриба даҳсолаҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон дарс гуфт ва миёни мардум ҳамчун муаллифи китоби “Алифбо” шуҳрати беандоза дошт. Ӯ дар рушду пешрафти соҳаи маориф ва саводнокии мардуми кишвар низ саҳми арзишманде доштааст, ки ин кору пайкораш номи ӯро машҳуру маҳбуб гардонидааст.