БУЗУРГДОШТИ ШОИРИ МАЪРУФИ МАШРИҚЗАМИН

156

Ба хотири бузургдошти шоири маъруфи Машриқзамин – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ имрӯз (09.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе Муҳаммад Саид Сарвар, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонон Шералӣ, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон Кароматулло Олимов, намояндагони Сафорати Покистон дар Тоҷикистон, донишҷӯёни покистонӣ ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори ДМТ Хушвақтзода Қобилҷон ифтитоҳ намуда, оид ба осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва саҳми эҷодиёти ӯ дар бедории мардуми минтақа сухан гуфт. Зикр намуд ки Муҳаммад Иқбол бузургтарин шоири асри ХХ-и на фақат Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ба шумор меравад. Асарҳои ба забони урду ва форсӣ эҷодкардаи Иқбол чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати фарогирии масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ дар адабиёти урду ва форсизабонони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми махсус дорад.

Зимнан Сафир аз ташаббускорони маҳфил изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Лоҳурӣ дар доираи илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошт. Осори ин мутафаккири бузур то ба имрӯз бо бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума гардиданд. Аз ҷониби муҳаққиқони мероси илмию адабии ӯ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар идомаи маҳфил профессори кафедраи филологияи Ҳинду Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев дар бораи осори шоир, ҷанбаҳои гуногуни шеър ва фалсафаи эҷодиёти Аллома Иқбол маърузаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки Муҳаммад Иқбол на танҳо забону адабиёти форсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта, онро ривоҷу равнақ додааст, балки шеъри форсиро ба мунтаҳои камол расонидааст.

Гирдгардонандаи маҳфил декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Р.Шодиев иброз дошт, ки Рӯзи Иқбол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1985 то ба имрӯз ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни покистонӣ ва донишҷӯёни тоҷик аз осорои Аллома Иқбол порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Ҳамзамон, дар зимн ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию эҷодӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.