ЧОРАБИНИИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 6-УМИ НОЯБР РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

207

Имрӯз (03.11.2023) бо ибтикори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Р. А., д.и.ҳ., профессор, мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Назаров А.Қ. ва устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни факултети мазкур иштирок карданд.

Нахуст декани факултет Шодиев Р. А. чорабиниро оғоз кард ва ба муносибати ин ҷашни фархунда ҳозиринро табрику таҳният гуфт.

Сипас, Назаров А.Қ. перомуни арзиши олӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Ӯ ибрози андеша кард, ки “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи давлатдории навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсози миллат, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори босуботи Тоҷикистони азиз буда, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту хештаншинос мебошад, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеаи кишвар ва шакли давлатдории миллиро муайян менамояд. Ин санади муқаддас, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид.”

Дар идомаи чорабинӣ Қурбонов Ҳайдар дотсент, мудири кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ низ дар маърузаи хеш перомуни Конститутсия сухан ронда, афзуд, ки “Боиси фараҳмандӣ аст, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон ин санаи муҳимму тақдирсоз бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ба танзимдароии муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро фароҳам меорад.”

Дар охири чорабинӣ декани факултет Шодиев Р. А. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба устодону донишҷӯён самимона табрик гуфт ва ба кишвари азизамон – Тоҷикистон ваҳдати ҷовидону истиқлоли абадиро таманно кард.

smart
smart
smart
smart
smart