Имрӯз (13.02.2024) дар Ганҷинаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Шаҳраки донишҷӯён бо ибтикори садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, маҳфили “Гулрез” зери роҳбарии Раҳматуллоева З. – дотсенти кафедраи филологияи Ҳинд ва Ҷумъаев Т. – дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Иштирокчии маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, адиб ва рӯзноманигор Камол Насрулло буд.
Маҳфилро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, дотсент Сайдализода Шодмон ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар ҳақиқат устод Камол Насрулло аз бузургтарин шоирони давр аст ва эҷодиёташ саршор аз муҳаббату садоқати ватандорист.
Шоир дар идомаи маҳфил перомуни муҳтаво ва таърихи офариниши баъзе аз шеърҳояш сухан гуфта, зумрае аз порчаҳои шеъриеро қироат кард.
Ҳамзамон, дар маҳфил донишҷӯён аз ашъори шоир шеърҳоро бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ қироат карданд.