Худшиносӣ сарчашмаи асосии ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳоншиносии ҳар як фард, манбаи ташаккул ва рушди ҷавҳари инсонӣ, камолоти маънавӣ, бунёди сохтмони шахсият ва инсонгарии ӯ дониста мешавад. Тамоми бузургони ҷаҳони андеша аз худшиносии бештаре баҳраманд буданд ва ба ҳамин ҷиҳат аз худ мероси пурғановати илмию фикрӣ бо таҷассуми мазомини гаронмояи фалсафӣ, фарҳангию адабӣ, ахлоқию иҷтимоӣ барои башарият ба ёдгор мондаанд.
Худшиносӣ як масъалаи гаронмояву боарзиш аст, ки деринагии бисёр дуре дар ҷаҳон дорад. Аз рӯзгорони куҳан фарзонагону андешамандон ба шоистагӣ ва арзишмандии шинохти худ огоҳӣ ва дастур додаанд. Аз ҷумла, “Худро бишнос, то ҷаҳон дар муқобили ту ба сухан ояд.” (Суқрот); “Худшиносиро мояи бузург дон” (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ); “Се чиз хеле сахт аст: фулод, алмос ва худшиносӣ.” (Бенҷамин Франклин); “Паҳновартарин, хатарноктарин ва ноамнтарин макон дунёи даруни туст. Ба ҳамин далел камтар касоне ҷуръат мекунанд вориди он ҷо шаванд.” (Ошо); “Муҳимтарин масъалаи ахлоқии мо бетафовутии инсон ба худаш аст.” (Эрих Фромм) “Инсон бидуни худшиносӣ, инсониятро нашинохта аст” (Ҷеймс Глейк) ва ғ. гуфтореанд баёнгари арзиши худшиносӣ.
Фарзия ва хитобаи маъруфи “Худро бишнос!”, ки аз Суқроти хирадманду фарзона бозгӯ шуда ва ба таъбирҳои дигаре дар андешаҳои пеш аз Суқрот низ вуҷуд доштааст, баёнгари ин масъала аст, ки одамӣ нисбат ба ҳақиқати вуҷудии худ бепарво набуда, ҳамвора ба он меандешидааст. “Худро бишнос!”, як ҷумлаи кӯтоҳу мухтасар бо ҷаҳоне аз маъност. Яъне, ба ҳама доштаҳо ва надоштаҳоят нек биандеш, истеъдодҳо ва тавоноиҳоятро дарёб ва аз тамоми лаҳзаҳову фурсатҳо барои пешрафти хеш баҳрабардорӣ намо.
Бе тардид, ҳамеша дар зеҳни ҳар нафаре ин нукта чархиш мекунад, ки чи гуна худро бишносем ва чи ченакҳое вуҷуд дорад, то ба он худшиносии худро баркашем? Худшиносӣ низ аз ҳамин суол оғоз мешавад, хусусан дар замони муосир ва печидаи рӯзгори имрӯзӣ посух ёфтан ба ин суол ва зарурати шинохти худ беш аз пеш муҳим аст. Дар осори гузаштагон ба ин суол посухҳои гуногуне сурат гирифтааст, ки онҳоро мутафаккири барҷаста ва орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин абёт гирдоварӣ карда:
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд,
Ба куҷо меравам охир, нанамоӣ ватанам.
Мондаам сахт аҷаб к-аз чӣ сабаб сохт маро,
Ё чӣ будаст муроди Вай аз ин сохтанам…
Худшиносӣ, яъне пай бурдан ба тавоноиҳои дарунӣ ё азму иродаи худ ва табдил шудан ба инсони худогоҳ ва комил. Ба гуфтаи Мавлоно:
Эй нусхаи номаи илоҳӣ, ки туӣ,
В-эй оинаи ҷамоли шоҳӣ, ки туӣ.
Берун зи ту нест ҳар чи дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб ҳар он чи хоҳӣ, ки туӣ.
Воқеан, касоне, ки худро намешиносанд ва барои худ арзише қоил нестанд, дар нишебу фарозҳои зиндагӣ аз хурдтарин хурдагириву эрод нораҳату ноумед мешаванд. Ҳеҷ гуна интиқодро пазируфта наметавонанд ва ҳамеша талош мекунанд, то “камбудӣ”-ву “нотавонӣ”-ҳои худро бипӯшонанд. Дар ҳоле ки ҳар кӣ худро шинохт, дарку фаҳми наҷибе дар ӯ нуму мекунад, таҳаммулпазир мегардад, андешаи ҳувиятсоз дораду рисолату асолати хешро дар ҷомеа дуруст пай бурдааст, барои худ арзиш қоил аст. Ба қавли Низомии Ганҷавӣ:
Дида агар ҷониби худ во кунӣ,
Дар ту бувад он чи таманно кунӣ…
Аз раҳи ғафлат ба гадоӣ растӣ,
Гар ба худ оӣ ба худоӣ расӣ.
Ҳамаи мо айбу нуқсоне дорем ва ҳеҷ кас аз ин истисно нест. Ин ки мо айбҳои худро бидонем, вале масъулияти онҳоро напазирем, худхоҳӣ, худномоӣ аст. Аксари мо ба дигарон интиқод мекунем, аммо айбҳои худро нодида мегирем. Чунончи Ҷалолиддини Балхӣ дар “Фиҳи мо фиҳ” гуфтааст: “Пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигаре мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад. Ҳамаи ахлоқи бад; аз зулму кину ҳасаду ҳирс ва бераҳмию кибр, чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигаре мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ.”
Айбу нуқсони худро дида тавонистан ва шинохтан, яке аз ҷанбаҳои муҳимми худшиносии фардӣ аст:
Гавҳари худро ҳувайдо кун камол ин асту бас,
Хешро дар хеш пайдо кун камол ин асту бас.
Чанд мегӯӣ сухан аз дарду ранҷи дигарон,
Хешро аввал мудово кун камол ин асту бас.
Чун ба дасти хештан бастӣ ту пойи хештан,
Ҳам ба дасти хештан во кун камол ин асту бас. (Ҳабиби Хуросонӣ)
Ононе, ки маҳорати худшиносиро дар худ неру намебахшанд, дар мавқеиятҳои гуногун наметавонанд рафтори оқилонаву хирадмандона дошта бошанд, онҳо зуд асабонӣ ё хашмгин мешаванд ва вокунишҳое бар асоси ҳаяҷон аз худ нишон медиҳанд. Дар сурате ки кас худшинос ё худогоҳ бошад, метавонад беҳтарин вокуниш ё амалро нишон диҳад. Ба баёни шоир:
Ман чу аз худ во шудам бар хештан ифшо шудам,
То шиносам хештанро бо худам танҳо шудам.
Худшиносӣ кардаам, то худ шиносам хешро,
Дар маҳак овардаме, аз ҳоли худ ҷӯё шудам.
Ман чиам? Баҳри чиам? Аз чӣ ба олам омадам?
Қатраи гандида обе будаму барно шудам.
Ҳосиле аз ишқу шаҳват будаам дар ин ҷаҳон,
Пас чаро пуркинаву пурбухлу пурғавғо шудам? (Пӯрдомғон Аъмо)
Инсони худшинос худро аз банди таассуб ё пофишории бехирадона, хушкандешӣ, гирудорҳо ва ташвишу нигарониҳои рӯзгор озод мекунад ва роҳу равиши огоҳонаро барои зиндагии худ интихоб мекунад.
Хулоса, дар рӯзгори инсонӣ ҳеҷ дороие гаронмоятар аз худшиносӣ ва ҳеҷ ганҷе бартар аз хираду доноӣ нест. Маҳз бо шинохти худ метавон роҳи зиндагиро равшан намуду босаодату хушбахт зист. Барои ҳамин аст, ки бузургтарин инсонҳои дунё дар заминаҳои гуногун аз гузашта, то имрӯз моро ба шинохти худ даъват кардаанд. Шоири номдор ва равоншод Лоиқ Шералӣ перомуни худшиносӣ чунин гуфтааст:
Агар аз бенишониҳо нишонам,
Ҷаҳонро баъди худ холӣ намонам.
Ҷаҳон нашносадам боке набошад,
Агар худро шиносам сад ҷаҳонам.
Абдулҳадов Ҷ. З.
дотсент, муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ