ИСТИҚЛОЛ – БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

71

Сиву се сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба амал омад. Ин ҳодисаи хотирмон 9 сентябри соли 1991 ба вуҷуд омад ва расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон замон то имрӯз 9 сентябр барои мардуми тоҷик иди соҳибистиқлолӣ, иди сарнавиштсози миллӣ ба ҳисоб меравад.

Миллати мо дар раванди шебу фарози таърих озмоишҳои сангинро паси сар карда бошад ҳам, ҳувияти миллӣ, илму адабиёти оламгир, забони ноби модариашро чун гавҳари чашм нигоҳ дошт. Тамоми мардуми кишвари ободу озоди мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро нигоҳ дошта, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ватани ободу озоди миллӣ гардидем.

Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардиданиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳокимияти давлат, ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми мо тавонистанд, ки дубора давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро ташкил намоянд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Маҳс истиқлолияти ватанӣ ба мо зиндагии осуда, ободи ва бунёдкорӣ бахшид, ки миллати мо ба он ниёз дошт. Асоси чунин зиндагӣ бошад, аз соҳибистиқлолии ватан сарчашма мегирад. Зеро фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар пешрафту тарақиёти ватан, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат рост меояд, маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба мо насиб гардид. Аз ин рӯ, кафолати озодӣ, донишу ҳунаромӯзӣ, саҳм гузоштан дар пешрафти мамлакат, вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Соҳиби давлати соҳибистиқлол будан барои ҳар миллат неъмати бузург мебошад. Махсус дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба сатҳи аъло расидаанд, баъзе миллатҳо расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарвариро аз даст дода истодаанд.

Таъмини ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот, боиси он гардид, ки мо якдилона истиқлолияти ватанро чун гавҳари чашм нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд.

Таманнои онро дорем, ки иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди озоди кишвар бурдборӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва бурдбориҳо оварад! Зинда бод, ваҳдати миллӣ ва истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Маҳмадов Ҷовидон,н.и.ф., дотсент мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо