Истиқлол – заминаи тарғибгари фарҳангу тамаддуни миллӣ

215

Дар воқеъ баҳри рушду такомули ҳар як миллат истиқлолу озодӣ ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Маҳз таърих гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳеҷ давлате то ҳанӯз дар масири тайкардаи хеш бидуни истиқлоли миллӣ ба аҳдофи худ ба содагӣ ноил нагаштааст. Билофосила ҳар халқияте, ки молики ин ганҷинаи қимматбаҳост, бетардид иродаи мустаҳкам намудани мақоми хешро дар сайёра соҳиб аст. Сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки сабаби барҳамхӯрӣ ё комилан аз байн рафтани бархе аз давлатҳо ё сулолаҳои қадимаи таърихӣ бешак дар мавҷуд набудани ин пояи бузурги давлатдорист. Ба ҳамин нигариста, Фирдавсии бузургвор мисраҳои зайлро ироа мефармояд:

Ҳар куҷо, ки назму тартиб пойдор,

Зиндагиву кор мегирад барор.

Дар таҳлили мисраҳои зерин дарёфтан мумкин аст, ки он ҷой истиқлолу озодӣ ва ҳамбастагиву субот мақом пазируфтаанд, бидуни мушкил метавон зиндагӣ ва кору фаъолият кард.

Чун сухан чанде бобати истиқлолу озодӣ рафт, лозим аст дарҷ созем, ки даст ёфтан ба ин неъмати бебаҳо на кори саҳлу содаест. То расидан ба қуллаҳои пирӯзӣ лозим меояд, то монеаҳои зиёдро убур намуд .

Хушбахтона, Тоҷикистони ҷаннатназири мо аз ҷумлаи мамлакатҳое ба шумор меравад, ки по ба пои истиқлол гомҳои мустаҳкам бардошта, дар чаҳони муосир мақоми шоёнро касб намудааст.Тули 31-соли соҳибистиқлолӣ ин сарзамини шигифтангез тавонист ба дастовардҳои назаррас шарафёб гардад, ки дерҳо боз дар қалби пиру барнояш ин орзу нуҳуфта буд. Бо истифода аз фазои орому осуда Тоҷикистон иқтидори пиёда сохтани ҳадафҳои милливу стратегии хешро пайдо намуда, шукӯҳмандиву иқболи бепоёнро баҳри халқи азизи хеш нисор намуд. Алҳол боварӣ кас намеояд, ки ин ҳамон сарзаминест, ки 31 сол қабл дар хун оғушта буд ва нидои модари ҷонсӯзаш дар марги фарзанди бегуноҳ ба афлок мепечид. Чунончӣ дарҷ мегардад: “Поёни шаби сияҳ сафед аст” ва куллан шаби зулмонии миллати тоҷик пас аз тулӯи офтоби нурафшони истиқлол ба поён расида, пайки саодатмандӣ пайгири рӯзи накӯ гашт. Дар робита ба ин нақши абармарди ҳақиқӣ ва ҷоннисори миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар роҳи расидан ба ин баҳори накҳатфизо калидӣ маҳсуб меёбад, набояд аз хотирҳо зудуда кард.

Ин хонаву дар зи хишти истиқлол аст,

Ин донаи меҳр зи кишти истиқлол аст.

Озод ҳама зи банди истисмор аст,

Озодии мо сиришти истиқлол аст.

Мавқеи истиқлолияти миллӣ дар таҳким ва тарғиб намудани фарҳангу тамаддуни оламшумӯли гузашта, имрӯзаи миллати тоҷик чашмрас мебошад. Халқи тоҷик зери ливои истиқлол анъанаҳои қадимаи хешро муҷаддадан зинда намуда, онро барои наслҳои имрӯзину оянда пос медорад. Ба шарофати ин фарҳанги миллии мо натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ шуҳратёр гардидааст ва ҳамакнун ҷаҳониён аз эъҷози он огаҳӣ пайдо намуда, эҳтироми хоссае ба он қоиланд. Махсусан, имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон садо задани исми Мавлонову Аттор, Фирдавсиву Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Бедил шаҳодат аз он медиҳад, ки аллакай миллати тоҷик то андозае дар густариши фарҳангу адабиёти фарогири худ муваффақ низ гаштааст. Бешак, ин ҳам самараест аз ниҳоли истиқлол,ки бари ширинеро тақдим намуда истодааст.

Мавриди қайд аст, ки фарҳанг ва маданияти ҷумҳурӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ зарари калон дид ва дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар тангнои харобе мавқеъ баргузида буд, аммо натоиҷи он бо шарофати Президенти кишвар ва сиёсати хирадмандонаи ҳукумат комилан бартараф гаштанд. Маҳз, дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи фарҳанг” мунташир гардид, ки он бевосита ба таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон ба фаъолияти озоди фарҳангӣ оварда мерасонад. Дар паҳлӯи ин 27-июни соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф” рӯйи кор омад ва ба ҳамин минвол таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба илму маориф афзуда, дар андак муддат фаъолияти густардаи ин ниҳод мавқеи илмро дар ҳудуди кишвар тақвият бахшид. Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ макотиби миёна ва олии касбӣ, литсею гимназияҳо, китобхонаҳо ва дигар маконҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи чунин боргоҳҳои илму маърифат сохта, мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин боз ҳам ба рушди босуботи фарҳанги ғаноманди миллӣ оварда мерасонад. Ботадриҷ ба чоп расидани китобҳои дарсиву илмӣ ва дастурамалҳои соҳаҳои мухталифи илмӣ низ ҳаминро башорат медиҳад. Дар фазои осуда ва саршор аз сулҳу субот ба воя расидани насли имрӯза ва саводнок гаштани эшон аз ояндаи рахшону мунаввари миллати тоҷик дарак медиҳад. Боварии комил дорем, ки ин насли саодатпеша оянда фарҳангу тамаддуни миллии моро ҳарчи бештар муаррифӣ ва тарғиб менамояд.

Инчунин дар радифи ин шабакаҳои телевизионии ватанӣ фаъолият месозанд, ки дар онҳо барномаҳои фарҳангиву тарбиявӣ ба намоиш гузошта мешаванд ва ин бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад. Ҳамзамон, ташкили навъҳои гуногуни стипендиву мукофотҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои дастгирии ҷавонону наврасон саривақтӣ арзёбӣ гардида, онҳоро водор менамояд, ки баҳри донишандӯзӣ бештар талош намоянд ва дар пешрафти диёри азизи хеш саҳмгузор бошанд. Таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ барои ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, омӯзгорон, шоирону нависандагон ва ходимони давлатӣ ҳам қудрату тавони истиқлолро барафзуда, сокинони мамлакатро талқин менамояд, то қудуми муҳкамтар сӯйи ободии диёри хеш бардоранд. Ба таври комил истиқлол боис гардид, ки ҳамасола шумури зиёди сайёҳон аз мавзеъҳои торихӣ ва сайёҳии кишвар дидан намуда, васфи онро то дуриҳои дур бубаранд.

Мо, ҷавонон сиёсатҳои пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, аз фазои орому осудаи кишвар ва меваҳои ангубини истиқлол истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар таҳкими сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошем.

Саидзода Собирҷон- донишҷӯи курси 2-юми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ