Истилоҳи истиқлолу истиқлолият бениҳоят серистифода ва мураккабест, ки кас ба осони маънои аслии он намерасад. Кам нафароне дар ҷомеа пайдо мегарданд, ки ин истилоҳро, яъне Истиқлолиятро пурра бифаҳаманд ва ба арзишҳои он бирасанд. Дар ҷомеа ҳар тоифае дидан мумкин аст, ки ба маънои аслии он расида, онро бо дигар маънӣ ба кор барад. Ба маънои аслияш Истиқлолият ифодагари соҳибихтиёрии миллӣ мебошад ва тамоми фаъолияти давлатиро фаро мегирад. Гарчанде ки истиқлолияти кишавари мо тоҷикони шарафманд ба осонӣ ба даст наомадааст, бисёр бадбинони дохил ва хориҷ ҷумлаҳои нодуруст роҷеъ ба истиқлолофарони кишвар суханҳои нодуруст мегӯянд. Бисёри онон дар бораи истиқлол, не ҳатто ба маънои он сарфаҳм намераванд. Баъд ин минвол мехоҳам пеш аз ҳама худи калимаи “Истиқлол ва истиқлолият” равшание андозам. Худи калимаи Истиқлол маънои хеле чуқур ва арзишмандеро дар худ касб кардааст ва он дар Фарҳанги забони тоҷикӣ чунин шарҳ дода шудааст: Истиқлолият ин- мустаъқилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилхуқуқии ҳар кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ. Калимаи истиқлол бо дигар калимаҳои забони истифода мешавад, ки маънои худро ба хонанда ва шунаванда равшан менамояд, аз қабилӣ ҷашни истиқлол. Ҷашнест, ки ба муносибати рӯзи ба даст овардани мустақилият ё истиқлолият таҷлил карда мешавад. Мо ки дар арафаи ин маъракаи бузург қарор дорем, бояд бигӯем, ки ин иди оддӣ набуда, барои ҳар як халқу миллат муқаддас арзёбӣ мешавад.
Барои соҳиб шудан ба ин мартабаи бузург нақши ватанпарварони сулҳдӯсту истиқлолхоҳ саҳми сазовор бозидаанд, зеро ки дар мамлакати шарифи мо талош барои ислиқлолияти миллӣ созишномаҳою қарордодҳо аз 1990 шурӯъ мегарданд. То ба як давраи муайяни таърихӣ расидан бисёр дигаргуниҳо расидаанд. Маҳс бо ташаббуси истиқлолияти миллӣ, давлати мо ба ҷаҳони ғарбу шарқ шинос гардида, мавқеъ ва мустаъқилияти худро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо кардааст.
Сентябри солӣ 1991 Тоҷикистонро, ки пас аз расман эълон гардидани давлати ягона, соҳибихтиёр демократӣ ва дунявӣ бахусус соҳибистиқлол, зиёда аз 120 дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба расмият шинохтанд. Шурӯъ аз ҳамон сол давлати мо рӯ ба равнақ ниҳода, то соли 1997 ба мушкилиҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ гардид, зеро душманони миллии мо нахостанд кишавари мо истиқлолияти хешро дошта бошад. Дахолати давлатҳои беруна боис гардид, ки меҳани мо ба ҷанги шаҳрвандӣ барпечад.Ҷоннисори миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба хатар гузошта, барои ба эътидол овардани вазъияти ба амаломада кӯшидааст, то ба кишварҳои ҳамсоя созишномаҳои сулҳу дӯстӣ бубандаду гурезаҳои миллати тоҷикро бар ватан бозгардонад. Президенти мамлакат, пешвои тоҷикони дунё тавонистааст дар тӯли 31 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ба кишварҳои пешрафтатарини Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Тоҷикистонро чун як давлати соҳибистиқлол ва давлати ягона шиносанд. Инчунин дар бахшҳои мухталифи соҳаҳо ба хусус забондонию забоназхудкунӣ дар давраи Истиқлолият диққати зиёд пардохта шуда ба насли наврас шароит барои таҳсил дар дохил ва хориҷ имкониятҳо фароҳам гардидаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолият ин мустақилияти имрӯз ва фардо ҳар як шахс буда, онро на ин ки калимаи Истиқлолият балки худи шахс барои зиндагии осоишата таъмин созад, зеро ин вожа неъмати бебаҳост.
Одамони зиёде мавҷуданд, ки мехоҳанд давлатро ноором сохта, фаъолияти озодонаи мардумро бо идеяҳои зидди пешрафти давлатӣ халалдор созанд, яъне Истиқлолият ба мо чи дод?, ва ё дар давраи 31 соли истиқлолияти кишвар чиро соҳиб шудед?.. ва ғайраву ҳоказо. Аслан ҳамаи он бурдбориҳо бо чашм дида намешаванд, танҳо онро шахси ватандӯсту меҳансоз ҳис мекунаду халос. Ҳамакнун ки мо дар арафаи ҷашни истиқлолияти миллӣ қарор дорем, бояд ба ду чизи асосӣ шукрона кунем: яке Истиқлолият ва дигаре зиндагии озоду осоишта. Ин ду барои мо халқи тоҷик туҳфаи пурарзишест, пеш аз ҳама аз тарафи Худо ва пас он бо заҳматҳои Президенти кишвар Э.Раҳмон.
Ба ҳар яки мо лозим аст, ки ба истиқлолияти кишвари азизамон эҳтиром гузорем ва ҳар як ҳарфу маънои дархудкасбкардаи онро бо ҳарфҳои зарин дар дилу деворҳо нақш намоем. Истиқлолияти кишвар ин мустақилияти ҳар як шахсу ҳар як шаҳрванди тоҷику тоҷикистонӣ бебаҳост. Дар зери сояи давлати соҳибистиқлол ва соҳибҷашн озод нафас кашему илмии забон ва замон омӯзем. Иди истиқлол муборак ҳамдиёрони азиз.
Ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии ДМТ Диёров Шоҳи Ҷаҳон.
Домой Ахбор