КИТОБИ НОНАВИШТА

232

Даргириҳои чанд рӯзи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараёни рӯзгори мардуми моро ноорому ошуфта сохт. Бар асари задухӯрдҳои нохушоянди марзӣ, гурӯҳе аз ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд. Ҳарчанд имрӯзҳо авзоъ бо саъю талоши роҳбарияти кишвар ба ҳоли оддӣ бармегардад, вале таъсири ин падидаи номатлуб касро ором намегузорад. Тасаввури ончи ки гузашт, инсонро ба тааммулу андеша вомедорад.

Миллати тоҷик қарнҳои муттаммодӣ бо мардуми қирғиз ҳамсояи девор ба девор аст. Воқеияти конуни ҳастии башарӣ аст, ки ҳамҷавор зистан, масъулияти бузургеро ба дӯши ҳамсоягон мегузорад. Масъулияте, ки шабеҳи як китобест нонавишта, вале ҳарсӯ ҳиҷояш ба хотири шинохту маърифат, риояти муқтазояш бояд мустамар, бидуни вақфа дар қаламрави ҳар хонавода омӯзонда шавад. Нахустин иқтизои ин масъулият эҳтиром гузоштан ба тамомияти арзии якдигар аст. Ба дигар сухан шинохти ҳаққи ҳалоли ҳамсоя аст. Тамоммияти арзӣ-иборатест қудсӣ ва дар зеҳнияти мардум ба гунае решадор шудаву сангин нишаста, ки дар хилоли рӯзгорони дароз нерӯи зояндагӣ пайдо намуда.

Эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии мо, ҳифозат аз марзу бум, аз хонавода, аз ҳарфу ҳиҷои ҳамин иборат бархостаанд. Аз ин рӯст, ки ҳар гуна таарруз чи зеҳниву чи айнӣ дар қаламрави он фазои орому мусолиматомезро барҳам мезанад, авзоъро муташаниҷу печида мегардонад ва оқибат инсонҳоро ба ҷанг мекашонад. Ҷанг-падидае, ки паёмадаш, харобиву вайронӣ, шаҳиду шаҳодат, сӯгу мотам, хонаводаҳои бесаробон, тифлони ятим, ашкҳои сарозер дар бари рухсори модарону хоҳарон ва афсӯсу дареғ аст. Бузургони адабиёти мо фармудаанд, ки замоне ки ҷангҳо падид меоянд, дарёҳо хушк мешаванд, оҳувон бачаи кӯр мезоянд. Ин ҳикмати бузургест. Ҷанг кушандаи зебоист… Дар ҳошияи ҳаводиси мазкур лозим аст, ба чанд нукта таъкид варзид. Ҳама шоҳид ҳастем, ки оғози даргириҳо чи вокунише дар миёни ҳамватанони мо эҷод кард. Даста-даста ҷавонони ғаюру диловари мо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба хотири ҳимоят аз марзу буми кишвар ба по хестанд, бархе худро ба маҳалли низоъ расониданд. Албатта ин иқдоми бисёр хушоянду родмардона аст. Вазифаи ҷонии як ватандори воқеӣ аст, ки дар мавридҳои буҳронӣ бояд бидуни қайду шарт ба хотири ҳифозати ҳар ваҷаб хоки Ватан дар муқобили душаман сина сипар кунад. Аз ин нигоҳ вокуниши ҷавонони мо дархури ситоишу такрим аст. Аммо аз сӯйи дигар мо шоҳиди ин ҳам будем, ки чи гуна гуруҳҳое дар дохилу хориҷ талош меварзанд аз ин мушкили марзӣ истифода кунанд. Аз воқеият симое бисозанд. Саҳнаро ба гунае ҷилва диҳанд, ки оташи ҷанг бештар шуълавар шавад ва хушуку тар бисӯзад. Ҳадафи ин тоифа ҳаргиз дилсӯзӣ, тараҳҳуму инсоф ба банни инсон нест, балки барангехтани эҳсосу авотифи инсонӣ ба хотири буҳронӣ сохтани авзоъу суд ба даст овардан аст. Хабистарин амал ин суд ҷустан аз бадбахтӣ, мусибати инсон аст, ки аз ҷониби инсони дигаре иҷро мешавад.

Ҳама навиштахо, наворҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, таҳлилу баррасии амиқ мехоҳанд, аммо ин замон мехоҳад, замон барои натиҷа гирифтан, посух гуфтан миёни дӯстиву душманӣ тавфир гузоштан. Вуҷуди мушкилоти марзиро миёни Тоҷикистону Қирғизистон наметавон инкор кард. Фақат бояд муътакид буд, ки дар ҳаллу фасли он истифода аз неруву зӯрӣ судманд нахоҳад буд, зеро мо ҳамсоягони қадимӣ, бо ҳазорон ришта пайванд хӯрдаем, пешинаи тӯлонии муносиботи неки ҳамҷаворӣ дорем. Зимни мушкилоти ҳамҷаворӣ на аз ҷангу низоъ, ки бояд аз созишу ҳусни тафоҳум кор бигиранд. Мо муътақидем хираду зеҳнияти дурнигаронаи ҷонибҳо эшонро ба домани созишу мувофиқат, ҳалли мушкилот мекашонад, он рӯзи хуршедӣ дур нест.

Одинаҳмад Саидов, Ҷонишини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо,

Ҷумахон Қосимов,Дотсенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо