КИТОБИ ТАҲҚИҚОТИИ “НОБИҒАТОНИ ДАВРОНИ ХЕШ: ИБНИ СИНО ВА БЕРУНИЙ”

13

Китоби таҳқиқотии “Нобиғатони даврони хеш: Ибни Сино ва Беруний”, ки ба зиндагӣ ва мероси илмии ду нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Ибни Сино ва Абурайҳони Беруний бахшида шудааст, ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид. Ин иқдоми арзишманд аз ҷониби профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Абдусалом Мамадназаров амалӣ шудааст.

Муаллифи китоб С. Фредерик Старр, донишманд ва шарқшиноси маъруф дар ин асар бо шеваи таҳлилӣ ва равиши таърихӣ саҳми нобиғагони шарқро дар рушди илм, фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ ба таври амиқ ва муфассал нишон медиҳад. Китоб бо забони равон ва услуби илмӣ навишта шуда, барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони мероси илмӣ манбаи гаронбаҳо ба шумор меравад.