Рӯзи 28.10.2022 бо ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи “Филологияи араб ва замони муосир” баргузор гардид.
Конференсияро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Р. А. ҳусни оғоз бахшида, баъдан муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, профессор Сафармамадзода С. М. дар хусуси аҳаммияти гузаронидани чунин конференсияҳо ибрози андеша карданд.
Сипас, маърузаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими калони шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Тоҷиддин Мардонӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессори Институти технология ва идоракунии Бошқирдистони филиали Донишгоҳи давлатии технология ва идоракунии Москва бо номи К.Г. Разумоский Садиков Р.Г., доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатиии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» У. Ғаффорова, доктори илмҳои фалсафа, ходими калони шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Комил Бекзода, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сулаймонов Сайидраҳмон шунида шуданд.
Дар конференсияи мазкур ба тарзи фосилавӣ ё ба истилоҳ онлайн доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н. Гумлиеваи Ҷумҳурии Қазоқистон Тулеубаева Самал Абаевна суханронӣ кард.
Дар кори конференсия устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинови АМИТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, ДИТ ба номи Имоми Аъзам, докторантони Ph.D ва унҷонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии гуногун иштирок карданд.
Тавре аз ҷониби иштирокчиёни конференсия зикр гардид, хулоса ва натиҷаҳои илмии маърузаҳо аҳаммияти илмиву амалӣ дошта, метавонанд дар ҷараёни таълиму тадриси забонҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба сифати маводи муфиди назариявӣ ва амалии таълимӣ аз ҷониби устодон самаранок истифода шаванд. Нуктаҳои асосии дар маърузаҳо зикргардида, маводи конференсия, ки ба табъ расидааст дар марказҳои илмиву пажӯҳишӣ ба ҳайси маводи иловагии назариявӣ ва амалӣ барои таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни филологияи араб ва баррасии равишҳои омӯзиш додани забони арабӣ васеъ истифода гарданд.