Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Заминаҳои ривоҷу ташаккули филологияи араб дар ҷаҳони муосир»

242

Дар таърихи 16.11.2021 бо ибтикори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Заминаҳои ривоҷу ташаккули филологияи араб дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур зиёда аз 40 маъруза шунида шуд. Дар кори конференсия профессорон, дотсентон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантони PhD-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа иштирок ва суханронӣ карданд.