КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

6

Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва пояи устувори давлатдорӣ, таҷассумгари иродаи мардуми кишвар ва кафили пешрафти устувори ҷомеа ба шумор меравад. Қабули Конститутсия яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 1994 бо райъпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Аз ҳамон рӯз ин рӯз ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор таҷлил карда мешавад.

Конститутсия на танҳо асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ, балки сарчашмаи тамоми қонунгузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Он муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад, сохтори идоракунии давлатро муайян намуда, масъулияти ҳар як шахсро дар назди қонун таъкид мекунад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои умумибашарӣ, озодӣ, адолат, баробарӣ ва соҳибихтиёрии халқ мавқеи хоса доранд. Муқаррароти он кафолат медиҳанд, ки ҳокимият ба воситаи интихоботи демократӣ ташаккул ёбад, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз шаванд ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардад.

Қабули Конститутсия барои Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ буд. Маҳз пас аз тасдиқи он давлат тавонист сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рушд диҳад.

Конститутсия ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, миллатҳоро зери як парчам – “Тоҷикистони соҳибистиқлол” муттаҳид намуд. Он заминаи ҳуқуқиро барои рушди забон, фарҳанг, маориф ва илми миллӣ фароҳам овард.

Имрӯз сиёсати давлатдорӣ ва барномаҳои стратегии кишвар маҳз бар асоси Конститутсия амалӣ мегарданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид кардаанд, ки Конститутсия “таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва асоси рушди устувори давлат аст”.

Саидзода Одинааҳмад,муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо