КОНСТИТУТСИЯ-МУҲАРРИКИ АСОСИИ ТАНЗИМКУНАНДАИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

263

Бешубҳа, Конститутсия олитарин ва муҳимтарин қонуни кишвар ба шумор рафта, тамоми қонунҳои амалкунанда аз он маншаъ мегиранд.Конститутсияро дар навбати дигар ҳамчун муҳаррики асосии танзимкунандаи ҳаёти осоишта дар ҷомеа қайд намоем, саҳв нахоҳем кард. Зеро муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳз ба василаи он танзим гардида, ҳаёти осоишта ва пурнишотро ба халқу миллат эҳдо менамояд. Ба ҳамин нигариста, ҳамчунин Конститутсияро бахтномаи миллат низ арзёбӣ менамоянд, ки нақши он дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ситуданист.

Осудагии замона аз қонун аст,

Иқболи накӯ ҳамешагӣ афзун аст.

Эй дӯст биё, меҳру муҳаббат варзем,

Сарсабзии мо зи юмни Сарқонун аст.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи бениҳоят ҳассос ва барои миллат сарнавиштсоз таҳия гардида, дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории миллии тоҷикон нақши боризро адо намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб гардидан ба Истиқлолияти миллӣ ба чунин як қонуни олии ифодакунандаи арзишҳо ва волоиятҳои давлати тозабунёди тоҷик ниёз дошт. Хушбахтона, 6-уми ноябри соли 1994 бо азму талоши бевоситаи сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тариқи раъйпурсии умумхалқӣ қабул гардид, ки ин пеш аз ҳама ормонҳои халқи тоҷикро ба ҳақиқат мубаддал сохт. Зимнан бояд дарҷ намуд, ки дар сарсухани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва миллатофар ормонҳои миллат таҷассум гардидааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушди камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Боиси ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама Истиқлолияти давлатии кишварро эътироф намуда, сулҳу субот ва якорчагии миллиро ҳифз менамояд. Махсусан, моддаи 1-и Конститутсия гуфтаҳои мазкурро тақвият бахшида, Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад…”

Мусаллам аст, ки бо қабули Конститутсия дар ҳудуди кишвар вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳагӣ ба куллӣ тағйир пазируфта, он ҳамчун замина баҳри рушду такомули ҳаёти осоиштаи кишвар шароит фароҳам овард. Нуқтаи мазкурро сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш ба таври қатъӣ чунин баён сохтанд: “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равон карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад.”

Ниҳоятан, 10 боб ва 100 моддаи ин санади тақдирсоз халқро дар роҳи эъмори фардои дурахшони кишвар иршод намуда, насли имрӯзину ояндаро водор месозад, то дар бунёди ояндаи рахшони миллату давлати хеш саҳмпазир бошанд. Пас мебояд, ки мо низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи халқ ба ин қонуни олии кишвар арҷ гузошта, дар татбиқи меъёрҳои он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!

Собирҷон Саидзода

Раиси созмони ҷавонони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ