КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

41

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлатӣ ва ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Он санади олии ҳуқуқие мебошад, ки ба воситаи он дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ, волояти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, принсипҳои ташкил ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон муқаррар карда мешаванд. Конститутсияи даврони истиқлол ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар ҷавобгӯ буда, дар рушду такомули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва зиндагии осоиштаи мардум нақши калидӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки фаъоли мардуми шарифи Тоҷикистон дар як давраи бисёр ҳассосу тақдирсоз ба таври демократӣ қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми мо санаи басо таърихӣ ва созанда буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоламонро дар худ таҷассум менамояд. Бо мақсади такмил додани ин ҳуҷҷати сарнавишсоз ва ба марҳилаи нави рушд ворид намудани Тоҷикистон ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Маҳз ана ҳамин Конститутсия барои рушди бонизоми давлатдории миллӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию маданӣ шароит фароҳам намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории иҷтимоӣ дар кишвари азизамон –Тоҷикистон, нақши калидӣ дорад. Санади мазкур сарчашмаи тамоми қонунҳо ва низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, сар то по ҳимоятгари давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллату давлат мебошад. Дар ин санади тақдирсоз самт ва ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ, асосҳои конститутсионӣ ва сохтори марзию маъмурии Тоҷикистон ба таври мушаххас муқаррар карда шудааст. Ва чун дар арафаи таҷлили рӯзи қабули ин санади тақдирзоси миллату давлат – Конститутсия қарор дорем, бо камоли мамнуният ва ифтихору сарбаландӣ фарорасии ин рӯзи тақдирсозро барои якояки мардуми шарифи Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон ҳаёти хушу рӯзгори пурсаодат таманно дорем. Ватан ободу ҷашнаш муборак ва парчамаш ҳамеша парафшон бошад, азизон!

Муродов Файзалӣ – муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ