МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ “ҲАФТАИ ФРАНКОФОНӢ”

295

Имрӯз (5.05.2022) бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ-фарҳангии “Ҳафтаи франкофонӣ” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И., декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Шодиев Р., кордори сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрик Любедел, кормандони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар” ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар дар оғози ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х., декани факултет Шодиев Р.А. ва кордори сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрик Любедел суханронӣ карданд.

Сипас дар бахши фарҳангии маҳфил донишҷӯён бо забони фаронсавӣ саҳнаҳои театрӣ ва суруду шеърҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

smart
smart
smart
smart
smart
smart
smart