МАҲФИЛИ “МАРЗҲОИ НАҚД”

4

Имрӯз дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода маҳфили “Марзҳои нақд” баргузор гардид, ки дар кори он қиссаи “Бозгашти падар”-и Умар Сафар, ки ба забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуда, рӯнамоӣ шуд. Бояд гуфт, ки повести мазкур беш аз 7 маротиб таҷдиди чоп шуда, пеш аз ин ба забонҳои русӣ, арабӣ, ва куриёӣ тарҷума шуда буд.

Соли 2013 дар Теҳрон ба нашр расид. Падидаву рухдодҳои асар фарогири воқеияти ҷанги Афғонистон мебошад. Перомуни ҷузъиёти асар устодони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо декани факултет Сайдализода Шодмон, муаллимаи муҳтарам Заррина Раҳматуллоева, профессор Ҳ. Раҷабов, суханронӣ намудаанд. Эшон нақши ин китобро дар тарбияти донишҷӯён, нерумандсозии эҳсосу авотифи меҳанпарастӣ, ҳифзу нигаҳдошти расму сунани миллати тоҷик, дӯстиву иттиҳод бо мардуми ҷаҳон бисёр арзишманд донистаанд. Аз нигоҳи эшон он чӣ қабл аз ҳама дар қисса ҷалби таваҷҷуҳ мекунад забони он аст, ки дар ниҳояти зебоиву инсиҷоми калом нигошта шудааст. Дар матни асар хонанда ба шигифтиҳои забони модарӣ, ҷилваҳои чашмгири он рӯ ба рӯ мешавад. Устодони забони англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ба сифати тарҷумаи асар ишорат намуда таъкид варзидаанд, ки мутарҷимон вазифаи худро ба наҳви аҳсан эҷод намудаанд. Тавонистаанд ҳадафу нияти муаллифро бо шумори латофату кашандагие, ки дар матни тоҷики аст дар тарҷума нигоҳ доранд. Ҳамзамон, бо ин донишҷӯён пораҳоеро аз повест бо забони олмонӣ, англисӣ ва фарогнсавӣ қироат намудаанд. Донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси англисӣ*-хитоӣ саҳнаеро ба намоиш гузоштаанд, ки бар асоси муколламаи бозигарои аслии повест Мария ва Фаромурз омода шуда буд. Дар маҷмуъ нишаси имрӯз бисёр хотирмону ибратомуз буд.