МАКТАБИ ОМӮЗИШИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ АРАБ

29

Имрӯз (09.12.2024) бо дастгирии раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар пояи кафедраи филологияи араби факултети мазкур Рӯзи байналмилалии забони арабӣ, ки ҳамасола 18-уми декабр таҷлил карда мешавад, ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон иштирок намуд. Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуда, дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Зимнан ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои судмандро иброз дошт. Таъкид гардид, ки Донишгоҳи миллӣомода аст, дар самти омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимӣ,хусусан дар самти арабшиносӣ ҳамкориро бештар намояд.

Зимнан дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардида, кори он бо сухан муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт. Таъкид дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун рушд намуда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги араб тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Гуфта шуд, ки воқеан, забон бузургтарин нишонаи миллат аст, ки дар баробари гузаштаро ба имрӯз пайвастан боз ба унвони пуле байни миллатҳо хидмат мекунад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ муносибатҳои дӯстонаи дипломатиро ба роҳ мондааст. Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз нахустин кишварҳое ба шумор меравад, ки Истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва тайи беш аз сӣ сол мешавад, ки байни ин ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамкориҳои судманди дуҷониба роҳандозӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, дар солҳои охир ҳамкориҳои ин ду кишвари ба ҳам дӯст дар самти илму маориф низ густариш меёбанд. Аз ҷумла, дар чанд соли охир бархе аз шаҳрвандони Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзишу пажуҳиш машғул гашта, ҳамзамон, баъзе аз устодони забони арабии Донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба такмили ихтисос ҷалб карда шудаанд.

Зимнан декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Шодмон Сайдализода сухан намуда, зикр намуд, ки забони арабӣ дар байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хоссе бархурдор аст. Ҳамин аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба арабшиносӣ ва рушду пешрафти он таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда мешавад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳанӯз дар охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта дар Донишгоҳ кафедраи филологияи араб таъсис дода шуд, ки дар заминаи он бузургтарин арабшиносони тоҷик ба камол расиданд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки махзани асосии арабшиносии тоҷик маҳз дар Донишгоҳи миллӣ қарор дорад.

Дар навбати худ сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баромад намуда, таъкид дошт, ки имрӯз забони арабӣ аз ҷумлаи шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад, ки 18-уми декабри соли 1973 ҳамчун забони шашуми расмии ин созмон шинохта шудааст. Дар ин замина сафорат омодааст дар тамоми самтҳо бо Донишгоҳи миллӣ ҳамкорӣ намуда, дар робита ба табодули устодону донишҷӯён ва забономӯзии донишҷӯён кумаки ҳамешагӣ расонад. Итминон карда шуд, ки ташкили чунин маҳфилҳо дар густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дониши забонии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Дар қисмати дигари ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет намоиш дода шуд, ки он бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд. Дар оғоз дастаи донишҷӯён аз таърихи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо забони арабӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби чанд нафар донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат шуд. Аҳли толорро маҳорати забондонии донишҷӯён ҷалб намуд. Аён шуд, ки донишҷӯён илми омӯхтаашонро дар амал хуб нишон медиҳанд.

Дар зимн зумрае аз устодону донишҷӯёни факултет бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.