9 – уми январи соли 2024 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо ташаббуси кафедраи филологияи Эрон семинари илмӣ-мотодӣ дар мавзуи “Масъалаҳои асосии таҳия ва арзёбии китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид, ки дар он устодони ҳамаи кафедраҳои факултет ширкат варзиданд. Сайдализода Ш.А. – номзади илми филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо семинарро ифтитоҳ намуд. Ӯ роҷеъ ба аҳаммияти масъалаҳои мавриди баррасӣ мулоҳиза ронда, саҳми бевоситаи устоди факултет, номзади илми филологӣ, дотсент Байзоев Азимро дар таҳияи китобҳои дарсӣ дар кишвар зикр кард. Сипас, устоди кафедра Байзоев А. дар бораи масъалаҳои асосии таҳия ва арзёбии китобҳои дарсӣ муфассал суханронӣ намуд.
Муҳимтарин нуктаҳое, ки устод Байзоев А. барои ҳозирин ироа кард, чунин буданд:
- Руҷуи мухтасари таърихӣ ба ташаккул ва рушди таҳияи китобҳои дарсии миллӣ;
- Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии таълифи китобҳои дарсӣ;
- Масъалаи “унсури миллӣ” дар китоби дарсӣ ва муностибати босалоҳият ба таълим (талаботи асосӣ ба таҳияи китоби дарсӣ);
- Ташхис (экспертиза)-и китоби дарсӣ ва аҳаммияти он;
- Қадамҳои оянда.
Дар заминаи гузориши муфассали устод Байзоев Азим муҳокима ва табодуи афкори муфид сурат гирифт.