МАВЛОНО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

76

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Мавлоно, ки ҳамасола 30-юми сентябр таҷлил мегардад, дар маҷлисгоҳи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар нишаст намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони раёсати Донишгоҳ ва садорати факултет, инчунин, зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар нишаст иброз дошта шуд, ки шахсияти Мавлоно ва осори гаронбаҳояш дар дили тоҷикон асрҳо боз ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар нишаст иброз дошта шуд, ки шахсияти Мавлоно ва осори гаронбаҳояш дар дили тоҷикон асрҳо боз ҷойгоҳи махсус дорад.

Зикр шуд, ки Мавлоно шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, дар Аврупо мардум аз ҳама бештар ба харид ва омӯзиши осори ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гуфта шуд, ки осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳашт қарн инҷониб дар рушди тафаккури маънавии ҷомеаи башарӣ замина гузошта меояд ва ҷомеаро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват менамояд. Дар нишаст донишҷӯён низ перомуни шарҳи ҳол ва осору ашъори ин абармарди олами шеър ибрози андеша карда, шеъру гуфторҳо қироат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин нишастҳо дар тафаккур ва андешаи ҷавонон худшиносиву инсондӯстӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ба камол расидани инсони комилро талқин медиҳад.