Терроризм даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, нисбат ба ин падидани номатлуби ҷомеа бетараф буда наметавонад.
Мавриди зикр аст, ки баҳри таъмини ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти ҷомеа, пешгирӣ кардани фаъолияти террористӣ, экстремистӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои хусусияти террористидошата фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд. Бо мақсади аз ҷиҳати хуқуқӣ асоснок кардани мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстремизм барои солҳои 2006-2010”, “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2016, №240 “Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳояшон дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд” ва ғайра роҳандозӣ карда шуд.
Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар як қатор созмонҳои минтақавӣ, ба монанди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аъзо буда, барои ҳифзи амнияти минтақа саҳми беандоза мегузорад. Дар баробари ин, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус, ҷинояти терроризм ва эктремизм мусоидат мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалҳои оммавии террористӣ зуҳуроти «низои тамаддунҳо» ё худ бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд.
Тавре Пешвои миллат қайд менамояд: «Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд. Фоҷеаҳои даҳшатноктарин ва бузургтарини хунини асри гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамон як тамаддун рух дода буданд. Аз давраи ҷангҳои салибӣ дар байни масеҳият ва ислом низ задухӯрдҳои мустақиму ошкоро рух надодааст. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард».
Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки назарияи “бархӯрди тамаддунҳоро” дар амал татбиқ намоянд.
Чуноне доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. менависанд: «Истилоҳоти “ҷиҳод”, “мубориза ба хотири исломи ноб”, “сохтани давлати исломӣ”, “шаҳид гаштан дар роҳи ислом”, “мубориза бо куффор”, “пуштибонӣ аз ислом дар рӯи олам” ва монанди инҳо, ки имрӯз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. … Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардумони он кишвар”. Албатта, терроризм ва ифротгароии динию сиёсӣ ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани манфиатҳои миллии баъзе аз давлатҳо баромад менамоянд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯй худдорӣ намоянд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа дар ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии ватан саҳмгузор бошад.
Одинаҳмад Саидов, ҷонишини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо