Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Аксари суханварони гузаштаи форсу тоҷик дар баробари ба забони дарии худ асарҳои манзуму мансур эҷод кардан, ба забони арабӣ низ шеърҳо гуфтаанд. Ҳарчанд мавқеи хосро дар мероси адабии онҳо ашъори бо забони модарӣ сурудашуда ишғол намояд ҳам, аммо ғазалҳои бо арабӣ эҷодшудаи онҳо низ мақоми хос доранд ва маҳорати баланду истеъдоди беназири он шоиронро баён месозанд.
Яке аз чунин ғазалсароёни беҳамтои адабиёти форсу тоҷик Ҷалолуддин Муҳаммад Румии Балхӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи олами адаб назир надорад. Таъсири арабизабонӣ ва дузабониҳо дар эҷодиёти Мавлоно аз мавзӯъҳои зиёде аз қабили осори илмӣ, таърихӣ, истилоҳоти арабии суфия ва авзони арабӣ, таркибҳои ҷадиди ирфониву қуръонӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки аз нозукфаҳмиҳои калимоти арабиву фаҳми рамзии онҳо дарак медиҳанд.
Ин орифи закиву ҳушманд дар радифи шуарои шаҳири даврони асримиёнагӣ қарор дошта, дар баён кардани маонии душвору ирфонӣ ва баландпоя бо забони содаву равон дорои қудрати беназир аст. Чун сухан перомуни таъсирпазирии дузабонӣ ва арабизабонӣ дар осори Мавлоно меравад, ҳатман бо назардошти калимоти умумӣ, рангорангии ибораҳову вожаҳо, каломи мафҳуми як забон дар матни забони дигар дар назар дошта мешавад. “Девони Кабир”, ки аз қасоиду ғазалиёт ва қитъаву рубоиёти мукаммал фароҳам омадааст, бо истифода аз санъат ва авзони мухталиф ва абёту ғазалҳо аз алфози Арабу Аҷам иборат мебошад. Аз ин сабаб мебинем, ки вуруди алфозу ибороти арабӣ, таъсири нозукиҳои арӯзу қофия ва истилоҳоти мухталиф дар ашъораш бештар аст ва ӯ баъзан бо истифода аз маънии луғавии алфози арабӣ маонии бикру тоза офаридааст. Аз лиҳози истифодаи муфрадоту таркибот, мазмуну маънӣ ва амсолу ашъори арабӣ чунин ба назар мерасад, ки Мавлоно аз забони арабӣ огоҳии хуб доштааст ва ҳатман аз эҷодиёти шуарои араб мисли Имруулқайсу Ҷарир, Фараздақу Зуҳайр, Ахтал ва Башшор ибни Бурд, Тарафа, Нобиға ва Ибни Муътаззу дигарон бархӯрдор будааст.
Ба ин маънӣ, доманаи мазомине, ки Мавлоно аз адаби арабӣ бардошт кардааст, вусъати бештар дошта, муҳимтарини он мазомин аз қабили масъалаҳои иҷтимоӣ, ки дар бораи ниёзмандиҳои моддиву маънавӣ, ахлоқу адаби инсонӣ, некиву бадӣ ва амсоли инҳо мебошад, нақл мекунад. Сипас андешаҳои мазҳабиву ирфонӣ, ки ба он сараввал маърифати ваҳдати вуҷуд, шавқу завқи орифона, идроки зоти илоҳӣ, маънӣ ва муҳтавои тасаввуф, сабру таҳаммул ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Ба қисмати дигари ин мазомин мавзӯоти ғиноӣ, ки фарогири васфи зебоиҳои табиат, саҳрову биёбон, олами вуҳуш, таҷассуми ишқ ва аҳволи ошиқро ва умуман ҳама чизе, ки вобастаи табиат аст, ворид кардан мумкин аст. Ва ниҳоят, мазомини мавзуъҳои муштарак, ки марбут ба ҳикмат аст ва он одамияту ҷавонмардӣ, бурдборӣ, мазаммати дунёву нафс, саркӯб кардани орзуҳо, пайвастан бо некон ва буридан аз бадон, қаноат бар каму беши рӯзгор ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Ҳамаи он мазомине, ки гуфта гузаштем, агар аз ҷонибе равобити муштараки фарҳанг ва адаби Арабу Аҷамро тақозо намояд, аз ҷониби дигар, аз рӯҳи созандаву хиради воло, истеъдоду иродати қавӣ ва донишу малакаи фавқуллодаи Мавлоно дарак медиҳад.
Таъсири адабиёти арабро ба ашъори Мавлоно инчунин ба далели дигар метавон тасдиқ намуд ва нишонаҳои таъсирпазириро дар истифодаи фаровони алфозу ибороти арабӣ, образҳои шеърӣ, пайравӣ ба шаклу мундариҷаи қасоиди арабӣ ва вазну қофияи онҳо метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла, яке аз ҷанбаҳои ин таъсир корбурди фаровони алфозу ибороти арабӣ дар ашъори форсии ӯ мебошад.
Дар куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣпас аз ғазалиёт, қасойид ва дигар анвои жанрҳо, муламмаот аз ҷиҳати ҳаҷму миқдор дар ҷои дуюм меистад, ки дар ин навъи ғазалсаройӣ низ ӯ мумтози замону даврони худ буд. Муламмаоти Мавлоно бо мазмуну мундариҷаи худ нисбат ба ғазалиёташ қариб, ки ҳамранг мебошад. Аз ин ҷост, ки дар эҷодиёти ӯ санъати муламмаъ ба авҷи аълои худ расидааст. Корбасти вожаҳо ва алфози дузабонаи арабиву форсӣ аз ҷониби Мавлонои Балхӣ тасодуфӣ набуда, балки ин иқдомро ӯ бо мақсади муайяне пеш гирифта, зимни корбурд ва ифодаи алфози арабӣ ҳамчунин, омезиши он бо забони форсӣ натиҷаи олӣ нишон додааст.
Ҳаза рашоду-л-кофирин, ҳаза ҷазоу-с-собирин,
Ҳаза маъоду-л-ғобирин, ниъма риҷо, ниъма-л-муъин.
Сад офтоб аз ту хиҷил ӯ хӯшачин, ту муштаъил,
Наъразанон дар сина дил, истадрику айна-л-яқин.
Аз осмон дар ҳар ғадо аз улвиён ояд нидо,
К-эй рӯҳи поки муқтадо, ё раҳмата лилъоламин.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад дар замони як навъ пуррангии муламмаъсаройӣ ба майдони шеър омада, аз худ ашъори зиёде ба мерос мондааст, ки аз рӯи шумор нисбат ба ғазалҳои муламмаъи дигар шоирони қабливу баъдӣба маротиб бештар аст. Масалан, миёни ғазалҳои Саъдӣ 14 адад ва ғазалҳои Ҳофиз 16 адад ғазалҳои муламмаъро дарёфт кардан мумкин аст, дар ҳоле, ки дар “Девони Шамс” зиёда аз 120 ғазал дар ин навъи шеър суруда шудаанд. Шайх Саъдӣ дар қофияҳои роر- , ломل-, мимم-, ёی- ва Хоҷа Ҳофиз бошад, дар қофияҳои алифا- , боب- , ломل- , мимم-, ҳоح- , ёی- ба сохтани муламмаъ пардохтаанд, аммо Ҷалолуддини Балхӣ дар қофияҳои алифا- , боب- , то ت-, ҳо ح-, долد-, роر- , содص-, зодض- коф ک-, ломل-, мимم-, ҳои ҳаваз ه- ва ё ی- муламмаъ саройидааст.
Он хоҷаро дар кӯи мо, дар гил фурӯ рафтаст по,
Бо ту бигӯям ҳоли ӯ, бархон изо ҷоа-л-қазо.
Бас мурғи паррон бар ҳаво аз домҳо фарду ҷудо,
Меояд аз қабзаи қазо бар пари ӯ тири бало.
Тираш аҷабтар ё камон? Чашмаш биҳитар ё даҳон?
Ӯ бевафотар ё ҷаҳон? Ӯ муҳтаҷабтар ё ҳумо.
Акнун бигӯям сирри ҷон, дар имтиҳони ошиқон,
Аз қуфлу занҷири ниҳон ҳин гӯшҳоро баргушо.
Инно ҳалакно буъдакум, ё вайлано мин баъдикум,
Мақта-л-ҳаёти фақдикум, ъуду илайно би-р-ризо.
Ал-ақлу фикум муртаҳан, ҳал мин садо яшфи-л-ҳазан?
Вал-қалбу минкум мумтаҳан фӣ васти нирони-н-наво.
Ин иноятҳо шумар, к-аз кӯи ишқ омад зарар,
Ишқи маҷозиро гузар бар ишқи Ҳақ аст интиҳо.
Қудрати Мавлавиро дар маъниофаринӣ аз ин чиз эҳсос кардан мумкин аст, ки як воҳиди забониро дар доираи як мисраъ ё байт ба маъноҳои мухталиф мавриди истифода қарор додааст ва умумияту тафовутҳои ғоявӣ ва мавзуии ашъори арабӣ ва форсиро баён кардааст. Ҳангоми омӯзиш ва мутолиаи ашъори арабӣ ё дузабона таваҷҷӯҳи хонандаро ҷозибаи дигари забонӣ ва луғавии арабиаслу форсӣ ба худ ҷалб мекунад.
Ёр омад ба сулҳ эй асҳоб,
Мо лакум қоъидина ъинда-л-боб.
Навбати ҳаҷру интизор гузашт,
Фадхулу-д-дора ё увла-л-албоб.
Адаби ишқ ҷумла беадабист,
Уммату-л-ишқи ишқуҳум одоб.
Шамси Табрез ҷоми ишқ аз ту,
Ва хузи-л-кабди лишшароби кабоб.
Мавриди зикр аст, ки дар ашъори худ Мавлоно аз калимоти сохтаву мураккаб низ истифода кардааст, ки ин шеваро дар осори классикону муосирон дидан мумкин аст.
Ваҷҳука мислу-л-қамар, қалбука мислу-л-ҳаҷар,
Руҳука руҳу-л-бақо, ҳуснука нура-л-басар.
Ҳар кӣ ба ҷуз ошиқ аст, дар турушӣ лоиқ аст,
Лоиқи ҳалво шакар, лоиқи сирко кибар.
Ақсаму бил-ъодиёт, аҳлафу бил-мурийёт,
Ғайрука ё зо-с-салот фӣ назарӣ кал-музар.
Ишқ бувад дилситон, парвариши дӯстон,
Сабзу шукуфта кунад ҷони туро чун шаҷар.
Яке аз омилҳои истифодаи алфози арабӣ ва қисман туркӣ дар ашъори Мавлоно он аст, ки ӯ дар тӯли ҳаёти худ ба кишварҳои гуногуни форсизабон ва арабу туркзабонон сафарҳо карда, аз фарҳангу тамаддуни ин мамолик баҳраҳо бардоштааст ва баъзе унсурҳои услуби баёнро бо ин забонҳо ва омезиши онҳо дар ашъори худ иброз доштааст.
Донӣ, ки ман зи олам ялғуз сани севарман,
Гар дар барам наойӣ, андар ғамат ӯларман.
Ман ёри бовафоям, бар ман ҷафо қилурсан,
Гар ту маро нахоҳӣ, ман худ сани диларман.
Рӯи чу моҳ дорӣ, ман содадил аз онам,
З-он шаккари лабонат бир иккина диларман.
Фармой ғамзаатро, то хуни ман бирезад,
Варна саник ускӯнда мир ёзғури ёзарман.
Рӯзе нишаста хоҳам ялғуз саник қуюнда,
Ҳам сан чағӣ ичарман, ҳам мен Қайс бӯларман.
Моҳе чу Шамси Табрез ғайбат намуду гуфто:
Аз ман дигар мапурсед, мен сӯйладим борарман.
Каримова Д.Б.н.и.ф., муаллими кафедраифилологияи араби факултетизабонҳои Осиё ва Аврупо