МУСТАҚИЛИЯТИ ЗАБОН – ГАРАВИ ҲИФЗИ АСОЛАТУ ШЕВОӢ ВА РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ

210

28-уми сентябри соли 2022, соати 10:00 даркафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забон Мизи мудаввар дар мавзуи “Мустақилияти забон – гарави ҳифзи асолату шевоӣ ва рушди забони миллӣ”   баргузор шуд.

Масъалаи асосии Мизи мудаввар роҳҳои ҳифзи асолат ва равонии забони тоҷикӣ, раҳоӣ аз унсурҳои бегона ва пешгирии тарҷумаҳои нодурусти мафҳумҳо дар номгузорӣ ва риояи дурусти Қоидаҳои имлои забонӣ равона гардида буд. Ҳамчунин равобити байниҳамии забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату манфии ин равобит, масъалаҳои тарҷумаи дурусти номи муассисаҳову ширкатҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ баррасӣ шуданд.

Дар Мизи мудаввар дотсенти кафедраи филологияи Эрон Азим Байзоев дар мавзуи мазкур ва масъалаҳои дигаре, ки дар китоби тозанашри ӯ – “Муаммоҳои имлои забони тоҷикӣ” ба миён гузошта шудаанд, суханронӣ намуда, сипас дар атрофи масъалаҳои мавриди назар баҳсу мубодилаи олимон ва мутахассисон сурат гирифт.

smart
smart
smart
smart
smart
smart
smart