НАҚШИ АРАБШИНОСОНИ ТОҶИК ДАР РУШДУ ТАҲАВВУЛИ ХОВАРШИНОСИИ МУОСИР

26

Дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 14-уми марти соли 2025 Конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Нақши арабшиносони тоҷик дар рушду таҳаввули ховаршиносии муосир» ба ифтихори 90-солагии арабшиноси маъруф, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мӯъминов Ҳалим Қаҳҳорович баргузор намуд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки конференсия ба ҷанбаҳои мухталифимасоили муҳиммиарабшиносии тоҷик – забоншиносӣ ва адабиётшиносии арабу тоҷик, аз ҷумла, забоншиносии муқоисавӣ ва аҳаммияти он дар замони муосир, тарҷумаи осори арабизабон ба забони тоҷикӣ, робитаҳои адабии Арабу Аҷам ва инъикоси онҳо дар таҳқиқоти донишмандон, таҷассуми таъсири мутақобалаи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ дар назми арабизабони асрҳои миёна, саҳми донишмандони арабшиноси тоҷик дар ҳалли масъалаҳои шарқшиносӣ, нақди адабӣ дар осори арабшиносони муосир, вижагиҳои адабиёти навини араб ва аҳаммияти омӯзиши он дар ховаршиносии муосир ва дар маҷмуъ, ба саҳми арабшиносони тоҷик дар рушду таҳаввули ховаршиносии муосир ихтисос дода шуда буд. Дар кори конференсия олимону донишмандони машҳури соҳаи шарқшиносӣ, муҳаққиқони ҷавон аз марказҳои илмии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ва шогирдони номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мӯъминов Ҳалим Қаҳҳорович аз муассиссаҳои мухталифи кишвар ширкат намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки зиндагинома ва корномаҳои бузургмардони ҳар қавму миллат барои аҳли ҷомеа шоистаи омӯзиш ва ибрат буда, барои иршоду раҳнамоии насли ҷавон ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшон арзишманд шуморида мешавад. Дар робита ба ин, илми ховаршиносии тоҷик низ як гурӯҳ донишмандони баркамолеро дар канори худ парваридааст, ки бешубҳа, кору пайкори онҳо барои насли имрӯз бисёр пандомӯз ва арзандаи омӯзиш аст. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои қавииродаву соҳибхирад олими соҳибном Мӯъминов Ҳалим Қаҳҳорович маҳсуб мешавад, ки дар баробари дигар устодони номвари соҳаи арабшиносӣ дар рушди шарқшиносии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Воқеан ҳам рӯзгор ва фаъолияти эҷодии пурсамари ин донишманди номвар шоистаи омӯзиш ва ибрат буда, намунаи барҷастаи садоқату вафодорӣ ба Ватан ва халқу миллат мебошад. Гузашта аз ин, ӯ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ, чӣ илм ва чӣ таълим бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона меҳнати ҳалол намуда, барои рушду нумуи ховаршиносии тоҷик нақши бориз гузоштааст.

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.