Бар диёрам ин замон, фасли баҳор ояд ҳаме,
Ҳам ғазал шеъру тарона, сад ҳазор ояд ҳаме.
Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,
Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.
Мерасад шодӣ ба дил, аз пайки хушрӯзи баҳор,
Ҳусни хона, ҳусни меҳан, ҳусни ёр ояд ҳаме.
Наврӯзи ҷаҳониро, базми замину гулу гиёҳ, рамзи зебоӣ, наврӯзи оламафрӯзи дилафрӯз, эҳёи табиати нозанин бар Ватани биҳиштосои мо хуш омадӣ! Аё эй Наврӯзи бозофарин, вазидани насими руҳафзоят ва ниҳодани қадами гулборону ҷонфизоят бар рӯи олам муборак бошад! Биё, Наврӯз, ки ҳама сол омадану рафтанат такрорист, аммо дар нозу гулфишонӣ ва бо навои савти танинандози худ нотакрорӣ… Дар “Рӯзи нав” табиат аз нав ҷашни эҳёӣ аз файзи яздонӣ мегирад. Аз насими форамаш долу дарахтон ҷон мегираду гулҳои рангоранг ва сабзаи сабзу махмалини замин, зери навои ҳавои наврӯзӣ мерақсад.
Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тули қарнҳо ин оини илман собитнамудаи миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна мушкилиҳои замон боқӣ мондааст. Наврӯзе, ки ободӣ мехохад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехохад! Наврӯзе, ки сарсабзи меорад!
Истилоҳи луғавии Наврӯз дар форсии дарӣ бозмонда аз «nōg rōz» {nwk rwc} дар порсии миёна аст, ки он аз «*navaka-raocah-» дар Эрони бостон рӯидааст. Наврӯз,яъне рӯзи нав. Аммо ниёгонамон ин рӯзро оғози соли нав медонистанд ва солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз мекарданд. «Соли нав» дар забонҳои миёнаи форсӣ истилоҳе баргирифта аз «*navaka-sarda-» дар эронии бостон будааст. Чунончи, хоразмиён Соли навро «Nāwsārjī» [nʼwsʼrjy], суғдиён «Nāwsarδ» [nʼwsrδ] ва балхиён «Nōgsarδ» [νωγοσαρδο] мехондаанд. Ҳамчунин дар мавриди наврӯз омадааст; вақте офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд „ин рӯзи нав аст“ ва чун ба забони паҳлавӣ шуоро „шед“ мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд». Дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба Наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мусталзами он набуд, ки кулли раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун зиндагии аксарияти халқи заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамин ки сенздаҳи Наврӯз ба cap мерасид, корҳои зарурии рӯзмараро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Баъд аз он ки шоҳ ба ҳаққи табақаҳои гуногуни мардум мерасид, дар рӯзи шашум, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон бар тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом бо гурӯҳи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, “Наврӯзи Бузург” буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён ҷамъ меомаданд. Ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз вобаста ба ин расм чунин мегӯяд:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.
Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввалин дақиқаи бурҷи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бадин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд». Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тул мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд – Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд.
Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо намуда, дар рӯи олам ҷаҳонӣ шуд. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.
Нуриддинова Ш.И. – дотсенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳоиОсиё ва Аврупои ДМТ