Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон – яке аз санаҳои муҳимми тақвими миллӣ бо ифтихор таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ба эҳтироми заҳмату меҳнати омӯзгорон бахшида шудааст, балки инъикоси нақши онҳо дар ташаккули ҷомеа ва давлат низ бориз мебошад. Имрӯз таҷлил намудани Рӯзи омӯзгорон дар Тоҷикистон на танҳо як санаи рамзӣ, балки эҳтироми амиқи миллӣ ба шахсияте аст, ки бо заҳмати пайваста на танҳо дониш, балки хирад, ахлоқ ва масъулиятро ба ҷомеа тақдим мекунад. Омӯзгор шахсест, ки сарнавишти наслҳоро шакл медиҳад ва ояндаи миллатро мепарварад. Омӯзгорон чароғи роҳи насли наврасанд, ки бо заҳмату дониш ва меҳру муҳаббат роҳи зиндагии фарзандони миллатро рӯшан месозанд.
Дар тули таърих, омӯзгорон на танҳо нақши интиқолдиҳандаи донишро иҷро кардаанд, балки онҳоро метавон меъморон ва муҳаррикони тамаддун номид. Омӯзгор буд, ки тафаккури наслҳо ташаккул ёфтанд ва арзишҳо миллиро ба ҷомеа роҳнамоӣ намуданд.
Аз замонҳои қадим омӯзгор дар фарҳанги тоҷик ҳамчун меҳвари маърифат шинохта шудааст. Чунон, ки Устод Айнӣ менависад: «Муаллим чароғест, ки бо сӯхтани худ роҳи дигаронро равшан мекунад».
Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобати иттилоотӣ ва дигаргуниҳои босуръат аст, нақши омӯзгор бештар аз қабл муҳим гардидааст. Имрӯз омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, тарбиятгар ва омӯзгори тафаккури танқидист. Ӯ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи рақамӣ бошад, бо технология ошноӣ дошта бошад ва ба шогирдон на танҳо илм, балки муҳаббат ба дониш ва маърифатро омӯзонад. Аммо, кори омӯзгор аз сатҳи дониш берунтар аст. Вай ҳамчуни мурабии бузург, сифатҳои некӯи инсонӣ – монанди ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба калонсолонро дар дили шогирдонаш парвариш медиҳад. Дарсҳои ахлоқе, ки вай бо ишора ва амал медиҳад, то умр дар хотири шогирдон нақш мебандад.
Бегумон, омӯзгор бунёдгузори тараққиёти кишвар аст. Ҳар як мутахассиси соҳибкор, муҳандиси бомаҳорат, духтури бомаҳорат ва сиёсатмадори оқил рӯзе дар зери таълими омӯзгор будаанд. Ободонии ватан ба дасти ин дастон таввассути ин мутахассисон сурат мегирад. Омӯзгор барои шогирд худ падару модари дуввум, дӯсти бисёр меҳрубон ва раҳнамои роҳи зиндагӣ аст. Вай ба онҳо на танҳо дарси дониш, балки дарси зиндагӣ меомӯзонад.
Фарҳанги мардуми тоҷик ҳамеша ба илму адаб, хирад ва устодон арҷ гузоштааст. Омӯзгорон дар таърихи миллати мо ҳамчун афроди боэътибор ва раҳнамои наслҳо шинохта шудаанд. Нақши омӯзгор танҳо интиқоли дониш набуда, балки парвариши шахсиятҳои худогоҳу худшинос ва тарбияи инсонҳои солиму созанда мебошад.
Имрӯз, дар асри пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавӣ, нақши омӯзгор беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Зеро маҳз омӯзгор шахсияти фарзандони миллатро шакл медиҳад, ба онҳо дониш, маърифат, ахлоқ ва одоби ҳамида меомӯзонад ва барои фардои дурахшони ҷомеа замина мегузорад.
Омӯзгор роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи маърифат ва ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсонист. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш, ҳаёти ҷомеаро равшан менамояд, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ниҳоят бузург аст”.
Муҳаққиқони ҷаҳони муосир дар фикри онанд, ки меҳру муҳаббат нисбат ба кӯдакон бояд муҳимтарин хислати шахсӣ ва касбии омӯзгор дониста шавад, ки бидуни он фаъолияти самараноки омӯзгорӣ имконнопазир аст.
Дар ин бора нависандаи забардасти рус Лев Толстой низ навишта буд: «Агар муаллим ба кори худ танҳо муҳаббат дошта бошад, вай муаллими хуб мешавад. Агар муаллим танҳо ба шогирд, мисли падар ва модар муҳаббат дошта бошад, аз муаллиме беҳтар хоҳад буд, ки ҳама китобҳоро мутолиа кардааст, вале на ба кор ва на ба шогирдон муҳаббат надорад. Агар муаллим меҳру муҳаббатро нисбат ба кори худ ва шогирдонаш ба ҳам пайваста бошад, вай муаллими комил аст».
Дар замони имрӯза, омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни хеш, балки мутахассиси дорои ҷаҳонбинии васеъ, малакаи кор бо технология ва тавоноии равоншиносӣ бошад. Шогирдро бояд на танҳо барои имтиҳон, балки барои зиндагӣ омода кунад. Омӯзгор беш аз пеш бояд илмшинос, фарҳангсоз, тарбиягар ва психолог бошад. Дар воқеъ, ӯ дигар танҳо «муаллим» нест, балки роҳбари маънавии як насл аст.
Дар арафаи Рӯзи омӯзгор, бояд бо ифтихор зикр намоем, ки омӯзгорӣ танҳо як касб нест. Он муҳаббат аст, фидокорӣ ва паёми маънавии ҳаёт аст. Ҷомеа ва давлат симои фардои худро маҳз дар симои омӯзгор мебинад. Агар омӯзгор содиқу ватандӯст бошад, миллат низ боиси ифтихору сарбаландӣ мегардад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи омӯзгорони кишвар, насли ҷавони мо ба шогирдони соҳибдониш, соҳибмаърифат, дорои тафаккури илмӣ ва қавии ватандӯстӣ табдил меёбанд. Онҳо ҳамчун меросбарони ҳақиқии миллат парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд хоҳанд бардошт.
Шодмон Сайдализода, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ