Боиси ифтихору сарбаландист, ки бо ибтикор ва саъю талошҳои фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азиз зимни паёми солона ба тамоми қишри ҷомеа ироа мегардад.
Паёми солонаи навбатӣ санаи 28-уми декабри соли 2023 дар толори «Кохи Сомон» бо иштироки ҷаласаи якҷояи раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомотҳои судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Академияи миллии илмҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, бонкҳо, соҳибкорони ташаббускор ва васоити ахбори омма баргузор гардид, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, роҳу нақлиёт, энергетика, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияту мудофиа, илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалагузориҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Президенти мамлакат қайд карданд, ки « Соли 2023 бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибати ногувори он-хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид».
Бинобар ин, Пешвои маҳбуби миллат ба тамоми сохторҳо ва мақомотҳои давлатӣ дастур доданд, ки бояд онҳо ҷиҳати иҷро намудани вазифаҳо ва супоришҳои зикршуда ҳама гуна захираву имкониятҳоро сафарбар намоянд, зеро дар соли 2024-ум таҷлили сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки яке аз муҳимтарин тавзеҳоти Паёми мазкур дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 мебошад, ки он омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро тақозо менамояд.
Дар раванди Паёми навбатӣ нисбат ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ баъзе тағйиру иловаҳо ворид гардида, барои ғолибони озмунҳои ҷойдошта имтиёзҳои назаррас пешбинӣ шудааст, ки ин тавсияҳо дониши иштирокчиёнро тақвият бахшида, дониши онҳоро мукаммал месозад.
Ҳамин тариқ, тавассути дастигириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шуда, сулҳу субот ва рушди иқтисоди кишвар таъмин гардидааст, ки ин албатта ба зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити арзандаро фароҳам месозад.
Номзади илмҳои филологӣ,муаллими калони кафедраи филологияи араб Каримова Д.Б.