Ҳар солро чун поёнрасиаш намоён шудан мегирад, тамоми аҳли ҷумҳурӣ интизори Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешаванд. Аллакай аз субҳ аз гуфтугузор ва чеҳраҳои хушҳоли мардуми кишварамон ба осонӣ пай бурда мешуд, ки имрӯз суханронии Пешвои миллатро бесаброна интизор ҳастанд. Боварӣ доранд, ки ҳоло хабарҳо ва таҳлилҳои руҳафзоро мешунаванд. Ниҳоят рӯзи 28 декабр дар соати 10 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» садо дод. Бояд гуфт, ки на танҳо ҳамаи онҳое, ки дар ин толори бошукуҳ нишаста буданд, балки тамоми мардуми ҷумҳурӣ бисёр бодиққат ҳар банди Паёмро гӯш мекарданд. Мушоҳида шуд, ки бошандагони кишварамон аз ин Паём бисёр чизҳое, ки интизор буданд, шуниданд. Дар воқеъ, муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоию фарҳангиву сиёсӣ ва ғайра ниҳоят муффасал таҳлили худро дар ин Паём ёфтаанд. Пуртаъсирӣ ва боварибахш будани Паём дар он буд, ки Пешвои миллат аз аввал то ба охир дар баёни ҳар як масъала далелҳоеро меоварданд, ки ҳар кадом аз инкишофи иқтисодиёт, аз кам шудани камбизоатӣ, аз ғамхорӣ ба ятимон, ба таълими мукаммал фаро гирифтани духтарон, аз фаъолияти босамари соҳибкорон, бунёди корхонаҳои нав, аз рафти кор дар сохтмони неругоҳи барқии Роғун аз сотан роҳҳо, эстокадаҳо, сасабзкардани симои Ҷумҳурӣ ва мисли инҳо дарак медоданд. Бисёр далелҳо аз он хабар медоданд, ки ҷумҳурии ҷавони мо дар як муддати ниҳоят кутоҳи таърихӣ, яъне дар солҳои соҳибистиқлол шудан, бо ҳамаи мушкилиҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд, нигоҳ накарда бо қадамҳои устувор ба пеш рафта истодааст. Як бори дигар возеҳ шуд, ки масъалаи тайёр кардани мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун, дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он барои корхонаҳои нав, ки рӯз то рӯз шумораи бунёдашон зиёд шуда истодааст, дар маркази диққати Пешвои миллат аст. Ҳамин таъкиди сарвари ғамхору дурбин аст, ки бештар аз 42 ҳазор ҷавондухтарону ҷавонписарони тоҷик дар хориҷи кишвар барои гирифтани ихтисосҳои дар Тоҷикистон ниҳоят кам ва зарур буда, дар айни ҳол таҳсил мекунанд. Боз ҳар сол на камтар аз се ҳазор чунин ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа бо дастгирии Пешвои миллат сафарбар карда мешаванд, чунки инкишофи ҳаматарафаи ҷумҳурӣ инро тақозомекунад. Масалан ҳоло дар сохтмони неругоҳи барқии “Роғун” 15 ҳазор коргар кор мекунанд. Ин ҷо боз 5 ҳазор коргар зарур аст. Албатта, коргарҳое, ки мутахасиси хубу кордон бошанд, хоҳ аз ҷумлаи онҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ таҳсил мекунан ва ё дар хориҷи кишвар.
Пешвои миллат хотиррасон карданд, ки ҷаҳони имрӯза гирифтори чи гуна бадбахтиҳову нооромиҳо шуда истодааст. Аз ин хотир ҳифзи оромии кишвар ниҳоят муҳим аст. Ин вазъият водор месозад, ки барои нерумандии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ чораҳо андешида шаванд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соҳибкорони бо нангу номус ва ватандӯст дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 75 иншооти сарҳадӣ сохтаанд, ки шароити зистан ва хизмати сарбозони сарҳадиро беҳтар менамояд. Идома ёфтани ин кори судманд аз ҷониби дигар шаҳрвандони имконияти молӣ дошта, амали ватандӯстии ибратбахш хоҳад шуд. Яъне Президенти муҳтарам барои боқувват кардани сарҳад эътибори махсус дода, онро кори танҳо ҳукумати ҷумҳурӣ намеҳисобанд.
Ҳар сол офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар зарарҳои зиёд оварда истодааст, лекин бо дастгирии саривақтиву назарраси Сардори давлат мардуми тоҷик бо кӯшиши далерона ҳар навъ мушкилиҳоро зуд бартараф намуда истодааст. Ва бартараф намудани ҳар навъ монеа, пеш аз ҳама, барои он муяссар мешавад, ки дар мамлакат фазои оромӣ ҳукумфармост. Барои ба даст даровардани ин оромӣ саҳми бузургро маҳз Пешвои миллат гузоштаанд. Амалӣ шудани содироту воридоти мол низ сахт ба ҳамин оромӣ вобаста аст. Содироти мол имсол нисбат ба соли гузашта кам шудааст, ки яке аз сабабҳояш шояд ҳамин офатҳои табиӣ бошад, аз ҷумла яку якбора сахт хунук шудани зимистони гузашта. Боришоти кам ҳам паҳлӯҳои манфӣ дорад, ки бевосита ба рушди иқтисодиёти мамлакат зарар меорад. Лекин бояд махсус зикр кард, ки дар ана ҳамин гуна ҳолат ҳам Пешвои миллат то 40 фоиз баланд кардани музди меҳнат дар корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмиву таълимотӣ хабар доданд. Баланд бардоштани музди меҳнати мардум ҳар сол бо амри Паёми Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромадааст
Пешвои миллат барои вусъат ёфтани ҳар навъ варзиш ҳам дар Ҷумҳурӣ пайваста ғамхорӣ мекунанд ва чораҳои амалӣ меандешанд. Дар ҳамон вақте ҳалли ки масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ дар навбати аввал меистанд, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ғами беҳбудии варзишро мехӯранд. Агар дараҷаи ҳамин ғамхории Сарвари давлат басо олӣ намешуд, магар варзишгарони тоҷик дар андак вақт дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 343 медал, ки аз онҳо 108-тояш медали тилло мебошанд, мешуданд? Беҳтар шудани некуаҳволии мардум низ бо далелҳо зикр шуданд. Аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 800 ҳазор нафар дар солҳои охир дараҷаи зиндагии худро хело беҳтар кардаанд.
Дар Паём махсус зикр карда шуд, ки сохти давлатдорӣ бо ҳамаи ҷузъиёташ пайваста дар такмилу қавитар шудан аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар ноҳияҳо шоҳиди дигаргуниҳои азим шуда истдаанд. Сохтмони биноҳои замонавӣ барои вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Ин далелҳое ҳастанд, ки касе воқеӣ буданашонро рад карда наметавонад
Солимӣ ва дар айни ҳол хушбахтии миллат дар он аст, ки агар вай пешрафта, босавод ва фарҳангӣ бошад. Доштани ин сифатҳоро дар симои мардуми тоҷик аз замонҳои қадим Пешвои миллат ҳамеша ёдовар мешаванд. Ва ҳар дафъа барои хубтар дарк кардани ин мавзуъ ҳатман шарҳе медиҳанд. Он чӣ Пешвои муаззам дар бораи модарон, нақши онҳо дар тарбияи насли солим, саҳми занҳо барои ободии кишвар дар ин Паём баён карданд, дарси ниҳоят хубест барои ҳамаи онҳое, ки дар зиндагӣ ва умуман дар ҷомеа барои зан, барои модар эҳтиром ва хизмате карданӣ бошанд.
Ҳамин тариқ, мо имрӯз боз як бори дигар шоҳиди он шудем, ки то чӣ андоза Пешвои миллат барои халқи худ, барои ободии мамлакат, барои пешравии саноат, беҳтар намудани илм ва системаи таълиму тарбия, ҳифзи саломатии шаҳрвандони кишвар, барои пуртабассум дидани чеҳраи ятимон ва обурӯю эътибор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналхалқӣ ғамхорӣ мекунанду чораҳо меандешанд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Сарваре, ки мардуми тоҷикро аз бадбахтӣ, мамлакатро аз нобудшавӣ, кишварро аз пора шудан ва аз ваҳшонияти ҷанги шаҳрвандӣ наҷот додаасту оромиву хушбахтии миллатро фароҳам овардааст, ӯро албатта, боз хушбахттар немандтар менамояд.
Ҳабибулло Раҷабов профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо