ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭЪҶОЗИ ДАВЛАТОФАРИНӢ

170

Дар воқеъ зери мафҳуми “истиқлол ва озодӣ”-и ҳар як халқияту миллат номи шахсияти барҷастае нуҳуфтааст ва ӯ рахшонтарин чеҳраи истиқлол маҳсуб меёбад. Вақте ки сухан роҷеъ ба Истиқлоли тоҷикон, ки бузургтарин ва беқиёстарин неъмат арздошт гардидааст, меравад пас бояд дарҷ созем, ки номи Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асноди таърихӣ бо ҳуруфи зарҳалин сабт гардидааст. Бузургтарин падидаи таърихӣ барои миллати номдори тоҷик ба маснади идораи давлатӣ мушарраф гардидани фарзанди баруманде амсоли Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Ба вижа корнамоиҳои дар тули 32 соли пурнишот анҷомдодаи ӯ аз лавҳи хотири мардум ва алалхусус наслҳои имрӯзину оянда зудуда нахоҳад гашт. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун як роҳбари одӣ, балки ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.

Дар раванди пешбурди мамлакат аз ҷониби ин шахсияти баргузидаи миллати тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистон мароҳили рушд ва такомули таърихиро паймуд ва ба дастовардҳои камназиру оламшумул ноил гардид. Бо назардошти он чи дар боло зикр ёфт, муҳарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни тардид Пешвои миллати тоҷик мебошад ва ҳақ ба ҷониби президенти Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷа аст, ки сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаҳониён фаротар аз як Пешвои миллат , Пешвои асри 21 муаррифӣ карда буд. “Мо-ҳамагӣ пайи суроғи шахсе, аниқтараш Пешвои асри 21 ҳастем, ба марде, ки дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, ба марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, ба марде, ки дар ҳамбастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзид, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс бешубҳа Эмомалӣ Раҳмон мебошад.”

Маврид ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат , аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад, зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар як шаҳрвандро саршор аз ҳисси бовариву эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва дурнамои давлату миллат менамояд.

Рӯзи Президент ба кулли пайравони асили Пешвои миллат хуҷаста бод!

Собирҷон Саидзода,раиси Созмони ҷавонони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ