ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

421

Халқи тоҷик фарҳанг офаридаву саҳифаҳои таърихи башарро бо ҳикмати зиндагисоз, муҳаббати фарогир, ишқи наҷотбахш ороста, рисолаташ меҳрубониву меҳр овардан буда, аммо муносибати таърихи намакношинос бо тоҷикон бераҳмона.

Таърих такрорпазир аст. Кош, некипазир ҳам мебуд. Афсӯс, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам ҷабри таърих ба мардуми тоҷик афзуд, ки кам нашуд. Аммо ин ҷабр чандон бе заминаву бесабаб ҳам набуд: адами таҷрибаи давлатдории мустақилона, хуруҷи бемории иҷтимоии маҳалгароӣ, густариши бесобиқаи исломгароии омиёна, иқтисоди фалаҷшуда ва афзоиши бекорӣ барои бозиҳои фоҷиафарҷоми сиёсии абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ки худро мубаллиғу муҳофизи ҳуқуқи инсон ва мардумсолор муаррифӣ мекунанду аслан аз пайи тақсими ҷаҳони кайҳо тақсимшуда ба коми худ ҳастанд, майдони мусоидеро фароҳам овард.

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, Истиқллолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар радифи 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Халқи тамаддунофари тоҷик баъди ҳазор сол дубора соҳиби давлати мустақили худ шуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли Истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуд. Инчунин ҷумҳурии навбунёди мо ба конфронсу созмонҳои байналмилалӣ, монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва ғайра шомил гардид.

Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардид, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Тоҷикистонро ғаму андӯҳ, ҳаракатҳои миллӣ ва хавфи аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон фаро гирифта, мардум дилшикаставу парешонхотир гашта буданд. Бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолат, садои тиру туфанг дар фазои кишвар ба дили мардум тухми ноумедӣ мекошт. Мардум аз хонаву дар маҳрум гашта, ҷон ба каф гирифта тарки Ватан мекарданд. Гуруснагӣ, қатлу ғорат, худписандӣ, ҷоҳилӣ, бераҳмӣ тамоми манотиқи кишварро фаро гирифта буд. Дар кутоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягоне сохторе, ки метавонист вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳалу фасл намояд, Шӯрои Олӣ буд. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гирифта шуд, иҷлосия дар минтақаи нисбатан орроми ҷумҳурӣ-шаҳри Хуҷанд баргузор гардад. Ҳамин тавр, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд.

Агар ба ҳаводиси замони бесуботи ибтидои солҳои 90-уми асри XX бо дидаи ибрат бингарем, хоҳем дарёфт, ки доир гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ташаннуҷи низоъҳои хашини сиёсию мафкуравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаи таммат гузошта, роҳро барои бозсозию навсозии осори ҷанг ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар ҳамвор сохт.

Муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шароити мусоиди сохтмони давлатдории навинро фароҳам овард. Бале, нестии кишвар дигар ногузир буд, агар он воқеаи таърихии тақдирсоз ба вуқӯъ намепайваст-баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оне, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 доир гардида, шахсиятеро ба арсаи сиёсат овард, ки бо тамоми масъулият, донишу таҷриба ва кӯшишу тавоноиашро барои барқарор намудани сулҳу салоҳи оммавӣ дар мамлакат бахшид. Вазъи рӯзҳои аввали ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани хешро Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке яз мулоқотҳояш ба ҷавонон чунин баён намуда буд: “Дар рӯям гуфтанд: Туро баъди ду ҳафта мекушанд. Ман як чиро дарк мекардам, ки дар ҳамон вақт роҳбаре даркор буд, ки фидоии миллат бошад, худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ.”

Сарвари давлат корро аз гуфтушунид бо тарафҳои даргир шурӯъ намуд, 8 декабри 1992 ба мардум муроҷиат кард: “ Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷиабортарин давраи таърихии худро аз сар гузаронида истодааст. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона барқарор шудани сулҳ равона карда, барои Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам.”

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба баҳри хурӯшони сиёсати бузург ворид шуд, ки аз ду роҳи ҳатмӣ ҷуз яке пеши рӯйи ӯ бештар қарор надошт ё бояд сӯхтори бунёдсӯзро тавонмандона хомӯш мекард ё дар алангаи оташи он месӯхт. Осон набуд ҷангидан бо ҷанге, ки дар таърихи фоҷиабори мамлакат яксаду панҷоҳ ҳазор ҳаётро бо худ бурд, ҷанге, ки аз ҳаштоду панҷ ҳазор кӯдак падару модарашонро гирифт, ҷанге, ки бисту панҷ ҳазор наварӯсро бева кард ва ниҳоят ҷанге, ки паёмадаш қалбҳои шикаста буду хонаҳои вайрон ва корхонаҳои муфлису иқтисоди фалаҷ.

Дар он замонҳои нохуш мардум сарсону парешон, оилаҳо пароканда, яке фарзанд гум кардаву дигаре бародар, зумрае аз хешу ақрабо дур, ба куҷо рафтану дар куҷо паноҳ бурданро намедонистанд. Душманони миллату давлат бо афроди муғризи дохилӣ “ҳамзабонӣ” карда, барои роҳандозӣ намудани аҳдофи нопок кишварро ба роҳи хато раҳсипор менамуданд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу пурандуҳ фарзанди баору номуси тоҷик-Эмомалӣ Раҳмон чун руҳи ниёгон ба майдони сиёсат омад, мардуми парокандаро сарчамъ намуда, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор кард. Модару падарро ба фарзандон, бародарро бо бародару хоҳарон васл кард, яъне хонадони тоҷикро ҷамъ намуда, ҳисси баланди бахшиданро дар тинати мардум бедор намуд.

Дар бораи корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсат чи қадаре таърифу тавсиф намоем ҳам кам аст. Зеро инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърихи сиёсӣ дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонида, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, субот, амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро дар атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест.

Инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи солҳои дароз бедавлат бударо, дубора сари қудрат овард, соҳиби давлат кард ва ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷои кинаву адоват ваҳдату дӯстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, забон барои тавсифи корнамоиҳои ин марди худодод оҷиз аст. Дар тақлид ба суханони дуюмин Президенти ИМА, ки “Агар амалҳои шумо одамони дигарро ба орзуҳои бузург, аз бар кардани дониши бештар, зиёд кор кардану беҳтар шудан ҳидоят намоянд, пас шумо пешво ҳастед” гуфта буд, метавон гуфт, ки Ӯ Пешвои тоҷикони ҷаҳон аст.

Фарзона ШокирҷонзодаДонишҷӯи курси 2, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо