РӮНАМОИ ТАРҶУМАИ ШЕЪРҲОИ «ДАФТАРИ ПОРИС»-И ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ҚУТБӢ КИРОМ БА ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ

15

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бузургтарин боргоҳи илму маърифат буда, ҳамасола садҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмию адабӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва олимони касбу кори гуногун баргузор мегардад,ки дар он афкори пурмазмуну ҷаззоби хешро баҳри устодону донишҷӯён пешкаш менамоянд.

Бо ин мақсад имрӯз (21.12.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо рӯнамоиитарҷумаи шеърҳои «Дафтари Порис»-и шоири халқии Тоҷикистон Қутбй Киром ба забони фаронсавӣ баргузор гардид.

Тарҷумаи шеърҳои «Дафтари Порис»-и шоири халқии Тоҷикистон Қутбй Киромро дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Туйчибой Ҷумаев бо забони фаронсавӣ тарҷума намудааст. Устод Туйчибой Ҷумаев ба тарҷумаи осори адибону нависандагон саҳми бориз дорад. Номбурда беш аз 25 асарҳои адибони гуногуни фаронсавиро чӣ назму, чӣ наср, ба забони тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба забони фаронсавӣ тарҷума намудааст.

Зимнан Ҷумаев Т. бо як қатор адибони фаронсавӣ робитаҳои дӯстӣ дошта, бо онҳо ҳамеша дар иртибот аст. Ҷумаев Т. барои идома додани тарҷумаҳои нав ба нав ва барои бештар тарғибу ташвиқи адабиёти муосири тоҷик ва ҳамзамон дар рушду таҳкими муносибат ва робитаҳои адабию фарҳангии бисёрсамтаи Тоҷикистону Фаронса нақши бориз дорад.

Дар идомаи ҳамоиш нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоирони халқии Тоҷикистон Доро Наҷот, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло ва академики АМИТ Кароматулло Олимов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Қутбӣ Киром яке аз он қаламкашоне буд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва бозёфти ганҷҳои нуҳуфта ва носуфтаи адабиёти тоҷику хориҷӣ хизмати ҷовидона намудааст.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси фаронсавӣ – тоҷикӣ тарҷумаи шеърҳои «Дафтари Порис» қироат карда шуд.