Имрӯз (18.05.2023 соати 10:00) дар пояи кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ ба муносибати «Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайём», баргузор гардид.
Профессори кафедраи филологияи Эрон Сафаров Умархоҷа ҳозиринро хайрамақадам гуфта, аҳли нишастро ба мазмуну муҳтавои маҳфил ошно карданд.
Сипас, суханрониҳои зерин шунида шуд: Умари Хайём ва ҷаҳони араб. Сухангӯ: доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Сулаймонов Саидраҳмон; Умари Хайём дар маъхазҳои илмию адабӣ. Сухангӯ: донишҷӯи соли сеюми ихтисоси форсӣ-англисӣ Салимова Мижгона; Омӯзиши Умари Хайём дар Ҳиндустон. Сухангӯ: унвонҷӯи кафедраи филологияи Ҳинд Муъминпур Мубирхон.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи филологияи Эрон дотсент Қосимов Ҷ.С. маҳфилро натиҷагирӣ карда, ба тамоми иштироккунандагон сипосмандӣ баён намуданд ва ҳамзамон ишора карданд, ки маҳфили имрӯза аз маҳфилҳои қаблӣ фарқкунанда буд, чаро ки сухангӯён аз кафедраҳои мухталиф буданд ва ҷанбаҳои гуногуни осори Умари Хайёмро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни маҳфил профессор У. Сафаров, профессор С. Сулаймонов дотсент Т. Ҷумъаев донишҷӯён А. Набиев, Ф. Ваҳҳобова рубоиёти Умари Хайёмро бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва англисӣ қироат карданд.
Ҳаким Умари Хайём файласуф, риёзидон, ситорашинос ва рубоисарои маъруфи тоҷику форс дар даврони Салҷуқиён буд. Умари Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба шумор рафта, дорои ҳӯшу хотираи неруманде будааст. Дар даврони ҷавонӣ ба фарогирии илму дониш пардохта, дар фалсафа, нуҷум ва риёзӣ ба дараҷаҳои баланди илмӣ расидааст. Гуфта мешавад, ки Умари Хайём дар илми тиб ҳам маҳорат доштааст. Умари Хайём дар даврони ҳукумати султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ дар Нишопур аввалин расадхонаро бунёд кард ва бо дархости ӯ даст ба ислоҳи тақвим зад, ки то кунун бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” маъруф аст. Рисолаи “Ҷабр ва муқобала” ба иловаи рисолаи дигар, ки дар он ба мушкилоти ҳандасаи Уқлидус посух додааст, аз машҳуртарин осори Хайём дар илми риёзиёт ҳастанд. Аз дигар осори маъруф, ки ба Умари Хайём нисбат медиҳанд, рисолаи “Наврӯзнома” аст, ки бо насри содаву шево таърихи пайдоиши Наврӯз ва расму оини баргузории онро дар дарбори Сосониён ривоят кардааст.
Дар дунёи ҳунар ва берун аз марзҳо, бахусус дар Ғарб Умари Хайём маъруфтарин шоири тоҷику форс аст, ки шуҳраташ аз маҳфилҳои илмию адабӣ фаротар рафтааст. Рубоиёти Умари Хайём содаву равон, аммо дорои маонии амиқи фалсафӣ ва ҳосили андешаи огоҳонаи мутафаккири бузург дар муқобили асрори азими офариниш аст.