Тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи ДМТ имрӯз (01.10.2024) нишасти тарбиявӣ-ватандӯстӣ бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ миёни донишҷӯёни курси аввали факултетҳои филология, забонҳои Осиё ва Аврупо доир шуд.
Зимнан гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандона, аз ҷиҳати маънавӣ муайяншудаи тарбияи насли наврас барои фаъолият ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи демократӣ, фаъолияти меҳнатии ташаббускор, иштирок дар идоракунии корҳои арзишманд, амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо ва баланд бардоштани масъулият барои сиёсиву ахлоқӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ шинос шудан бо асолат ва таърихи кишвари худ, бедор кардани ҳисси ифтихор аз дастовардҳои он, ҳамчунин бедор кардани масъулият дар назди миллат ва наслҳои ояндаро дорад.