РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН

23

Имрӯз (21.04.2025) дар асоси ҳамкорӣ миёни Маркази омӯзиши Ҳиндустони кафедраи филологияи ҳиндии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ ва Маркази фарҳангии Свамӣ Вивекандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Шоми катҳак” баргузор гардид.

Дар ин барномаи фарҳангӣ ҳунарманди маъруфи ҳиндӣ, хонум Видҳа Лал бо гурӯҳи иҷроияи худ ҳузур дошта, барои болидахотирии устодону донишҷӯёни тоҷик ва ҳиндӣ, намоиши рақси классикии ҳиндии катҳакро манзур намуданд. Ансамбли мазкур таҳти роҳбарии хонум Лал бо иҷрои рақсҳои шӯрангезу зебо, ҷаҳони афсонавии фарҳанги ҳиндиро зинда карда, хаёл ва тасаввури ҳозиринро ба давраҳои таърихиву асотирии Ҳиндустон бурд.

Ин чорабинӣ намунаи дӯстию ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон буда, саҳми назаррас дар тақвияти робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни ду кишвар мебошад.