Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва такмили маҳорати донишҷӯён дар иҷрои машқҳои гуногуни тарбиявӣ, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупа машғулиятҳои дарсӣ баргузор намуданд.
Мавзуи дарс “Такрори машқҳои сафороӣ ва такмил додани машқҳои озод” буда, ба омӯзиши усулҳои дуруст ташкил намудани саф, ҳаракатҳои синхрон ва иҷрои машқҳои озоди бадан равона карда шуд. Дар рафти машғулият, донишҷӯён малакаҳои кори дастаҷамъона, риояи интизом ва иҷрои дурусти машқҳоро такрор ва такмил намуданд.