САҲМИ ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ ДАР ГУСТАРИШИ АДАБИЁТИ ШАРҚ

312

Имрӯз (09.11.2022) бо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми Иқболи Лоҳурӣ дар густариши адабиёти Шарқ”   баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёс ва устодони факултет иштирок карданд.

Мизи мудавварро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Рустам ҳусни оғоз бахшида, баъдан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., перомуни шахсияти Иқболи Лоҳурӣ андешаронӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки: “Иқболи Лоҳурӣ дар шоирӣ истеъдоди бемислу беназир аз худ нишон дод ва осори ҷовидонае аз худ ба забони форсӣ – тоҷикӣ ба ёдгор гузошт. Перомуни ашъори Иқбол сухан зиёд гуфта шудааст ва ҳар яке аз пажуҳишгарон мақолоту китобҳои зиёдеро таълиф намуда, азамати шеъри ӯро ошкор сохтаанд.

Мероси пурмояи ӯ мутааллиқ ба тамоми мардуми дунё ва махсусан мардуми машриқзамин аст”.

         Баъдан сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар низ дар бораи бузургии Иқболи Лоҳурӣ изҳори андеша карданд. Ӯ изҳор дошт, ки: “Иқболи Лоҳурӣ шоир, мутафаккир ва орифи бузурги Шарқ ба шумор меравад. Паёми ӯ натанҳо барои мардуми машриқзамин, балки барои ҷаҳониён метавонад роҳгушову роҳнамо бошад. Ӯ як шахсияти ҷаҳонист, зеро ашъори ӯ дар тамоми ҷаҳон суруда мешавад ва шеърҳои ӯ бо чандин забонҳои дунё, аз ҷумла бо забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, хитоӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Мазмуни асосии эҷодиёти Иқболи Лоҳуриро худшиносӣ, баробарӣ, ваҳдат ва сулҳ ташкил медиҳад”.

         Дар охир сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар аз раёсати донишгоҳ, садорати факултет барои баргузор кардани чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ карданд.

Сипас, суханрониҳои зерин аз ҷониби ҳозирин шунида шуд: Шуҳрати ҷаҳонии Иқболи Лоҳурӣ. (Сухангӯ: доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи Ҳинд, Раҷабов Ҳабибулло); Мавзуи ватанпарастӣ дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ ва Аҳмад Фароз (Сухангӯ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Қурбонов Ҳайдар).

Дар охир донишҷӯёни шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ ва урду  шеърҳо гуфтанд.