СУДУ ЗИЁНИ ИНТЕРНЕТ ВА СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ

314

Рӯзи 09.12.2022 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ бо роҳбарии номзади илми филология, муаллими калони кафедраи филологияи араб Ф. Илёсов семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Суду зиёни интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ” баргузор гардид, ки дар кори он декани факултет дотсент Р. Шодиев, муовини декан оид ба илм Ҷ. Абдулҳадов ва донишҷӯён иштирок карданд.

Семинари илмиро Ҷ. Абдулҳадов ҳусни оғоз бахшида, перомуни мавзуи мазкур чанд сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки: “Касе инкор намекунад, ки Интернет дар замони муосири бисёр корҳор барои мо осон кардааст. Аммо дар ин миён агар мо нисбати худ ва наздикони хеш дар истифодаи Интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ бемасъулиятӣ нишон диҳем, яъне фарҳанги истифодаи онро надонем, осеби сахт ба пиндор, гуфтор ва кирдори мо мерасад. Яъне ҳар гуна наворҳои нохубро тамошо кардан, навиштаҳои пасту бемаъноро хондан, метавонад сабаби дигаргунии рафтору гуфтори мо гардад. Яъне мо бояд аз фарҳанги истифодаи Интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ хуб огоҳ бошем ва онҳоро ба хотири донишафзоӣ, забономӯзӣ, нерӯманд кардани донишҳои хеш истифода намоем.”

Баъдан Хоҷаев Баҳром – донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси арабӣ-фаронсавӣ ва Қудратов Комрон – донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси арабӣ-англисӣ суханронӣ карданд. Онҳо бо истифода аз Интернет дар робита ба мавзуи мазкур роҳҳои босамар ва бохирадона истифода кардани Интернет ва ҳамзамон зиёни сомонаҳои иҷтимоиро фаҳмониданд.

Таъкид карданд, ки: “Дар Интернет, ба вижа дар шабакаҳои иҷтимоии он, машғулиятҳои шавқовару саргармкунанда, хабару гузоришҳои тоза аз тамоми гӯшаву канори дунё, бозиҳои гуногун, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ғайраро метавон дастрас кард. Аммо ҳамаи ин дастовардҳо, ки насли наврасро бидуни ихтиёраш ба худ ҷалб месозанд, ҷанбаҳои манфӣ низ доранд. Яъне, наврасону ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зишту нохуб тамошо кунанд, хабарҳои бардурӯғро дарёфт намоянд, ки ин метавонад онҳоро аз роҳи дурусти инсонгароӣ берун созад.”

Сипас дар атрофи масъалаи мавриди назар баҳсу мубодилаи устодону донишҷӯён сурат  гирифт.

smart
smart
smart