(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи як санаи хуҷастаи таърихӣ ва барои миллат муҳиму фаромушнопазир қарор дорад, ки он дар тақвим бо унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаст ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса дар саросари Тоҷикистони азиз бо як ҳисси баланди миллӣ таҷлил карда мешавад. Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфт ва Президенти ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷассум ёфтааст.
Зеро дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Ин шахсиятро низ миллатпарвар буданаш ва гиромидошти фарҳангияш дар арсаи олам шуҳрат бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонист, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанги миллӣ нақш дошт. Ба ин фарҳанги миллӣ давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии миллатро ба уҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ӯ дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархурдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли мардуми Тоҷикистонро ҳадафи тамоми умри хеш қарор додааст. Пешвои миллат хуб медонист, ки барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол беҳтарин ва бебаҳотарин сарват сулҳ аст. Ва аз рӯзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид.
Талошҳои пайгирона ва муассири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифт, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллиро замина гузошт, дар кишвар фазои сулҳу амнро фароҳам овард ва офтоби нурбахши сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато кард.
Зимнан Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз кард. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахт қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд.
Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.
Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибат бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин роҳро низ Сарвари давлат дуруст дарк намуд. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ бидуни истисно дар таърихи навини Тоҷикистон нақши муассир иҷро намудаанд. Дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 30 фоиз паст шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиёда аз ду миллион нафар сокинони кишвар беҳтар гардид.
Дар тули соҳибистиқлолии давлатӣ Сарвари кишвар барои таҳкими ҳуввияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ талош варзида, Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд, ифтихори миллиро дар руҳу ҷони мардум ҷой доданд, ҳаммеҳанонро ба офарандагиву созандагӣ ҳидоят карда, риштаҳои муҳаббату ҳамдилиро байни тоҷикону тоҷикистониён пайванд намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, дар ҷумҳурӣ сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд. Хизматҳои фидокоронаи Сарвари давлат ба таъмини сулҳу субот, пойдории истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муҳайё намудани шароити мусоиду арзандаи зиндагӣ ба мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва густариши сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ беназир буда, ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардум ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф шудаанд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат тамоми захираву имкониятҳоро барои ободию гулгуншукуфоии кишвар ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Бо назардошти раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро мебояд, то барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Шодмон Сайдализода н.и.ф., декани факултети забонҳоиОсиё ва Аврупои ДМТ