ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ ДМТ

191

Имрӯз дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили идона бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид, ки дар он ҳайати садорат ва устодону донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзиданд.

Нахуст декани факултет Сайдализода Шодмон Абдувоҳид муаллимаҳо ва донишҷӯдухтарони факултетро бо ин ҷашни фараҳбахш табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон рӯзгори хушу осударо таманно намуданд. Баъдан, гурӯҳе аз донишҷӯёни факултет хотири ҳозиринро бо шеъру тарона ва рақсу суруд шод карданд.